НАВРӮЗ КӮҲНАШАВӢ НАМЕПАЗИРАД. Дар Палатаи ҳисоб бахшида ба ин ҷашн ҷамъомад доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор шуд, ки зимни он гуфта шуд, «Наврӯз — ин падидаи асили фарҳанги миллӣ дар ягон давру замон кӯҳнашавӣ напазируфта, ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мондааст»,- хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ниҳоди мазкур.
Муовини раиси Палатаи ҳисоб Файзалӣ Аҳмадзода гуфт, ки мояи ифтихори мардуми куҳанбунёди тоҷик аст, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ Наврӯз – ин ҷашни ниёгони соҳибфарҳанги мо эҳё гардида, мазмуну моҳияти нав пайдо карда, ҳоло ба яке аз беҳтарин ҷашнҳои мардумӣ табдил ёфтааст.
«Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат хусусан дар шароити ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар корманди бонангу номуси Палатаи ҳисоб, бахусус ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми неруи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд»,-иброз дошт Файзалӣ Аҳмадзода.
Сардори Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкории байналмилалии Палатаи ҳисоб Валимат Мавлонзода иброз дошт, ки «ҷавҳари таърихиву фарҳангии ҷашни Наврӯзро саодату пирӯзии аҳли башар ташкил дода, дар тӯли қарнҳои зиёд инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд».
Зикр шуд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни оғози сол ва эҳёи табиат, балки таконбахши андешаҳои ваҳдату сарҷамъии инсоният ва омили тақвиятдиҳандаи ифтихори миллии мо мебошад.
АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






