ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 08.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 0+5 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5+7 дараҷа гарм, рӯзона 23+14 дараҷа гарм мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






