«ҶОЙГОҲАТ, МОДАРО, ТОҶИ САРИ МЕҲАН БУВАД!». Модари тоҷик — эҳёгари суннати неки ниёкон ва ганҷинадори ҷашнҳои бостон

Март 8, 2022 11:51

ДУШАНБЕ, 08.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Модар…. Вожаест азизу зебо, вожаест муқаддас, ҳамрадифи Ватан, ҳамрадифи Замин. Вақте  ин вожа ба забон меояд, бидуни ихтиёр табъҳо равшан, чашмҳо мунаввар ва олам зеботар мегардад. Чӣ вожаест дилангез, вожаи модар! Дар он тароватест, ки рӯҳи моро тозаву муаттар медорад. Вожае чун рӯди мусаффо, чун чашмаи зулол сафобахши ҷисму ҷони инсон! Вожае, ки ба мо умеду тавону бовар мебахшад.

Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамраҳи мост. Чӣ садои навоангезе дорад ин вожа, чӣ шаҳде дорад, ки аз он комҳо ширин мешаванд!

Вожае, ки ба мо шукуфоии гулҳову таровиши хуршед, умеду неру, эътимоду эътиқод ва файзу фараҳ мебахшад!

Чунин ситоиш намудааст Модар — сарчашмаи зиндагӣ ва меҳрубонтарину азизтарин мавҷуди рӯи Заминро Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО.   

— Зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории Зан – Модар маъво мегирад. Зан-модар чароғи мунаввари ҳар хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мост. Фазилати оливу рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои пайвастаи зан-модар сарчашма мегирад.

Воқеан Ватан Модар аст, Модар Ватан аст ва ин вожаҳо бо ҳам навои дил доранду сафои ҷон!

Барои миллати хирадпеша ва куҳанбунёди тоҷик, ки “ҷаннатро дар хоки қудуми модарон” дидааст,  парастиш ва эҳтироми модар, арҷгузорӣ бар ӯ ҳамеша волотар аз ҳама чизи дигар буду ҳаст. Метавон муҷассамаи  хираду фазилат, некиву футувват,  меҳру муҳаббатро дар симои модари тоҷик бунёд гузошт. Марому мақоми баланду эҳтироми зан ва модари тоҷикро худи таърих, имтиҳони гарони рӯзгори модар дар тӯли асрҳо муайян намудааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии Модарро ситоиш намуда, гуфтаанд: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”. 

Зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва  неруи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.

Бузургӣ, хиради зотӣ ва маърифати баланди зан-модари тоҷик ҳақиқатест, ки дар саҳифаҳои таърих бо муҳри вақту замон тасдиқ гардида, ҳукми абадият гирифтааст.

Далели нахуст ин аст, ки модари тоҷик модари нобиғагону бузургони оламшумул аст. Ӯ бузургон ва абармардонеро ба дунё овардаву парвариш додааст, ки агар ном бубарем, саҳифаҳои зиёдеро бояд пур созем. Ба монанди  Одамушшуаро Рӯдакӣ,  Шайхурраис  Бӯалӣ Сино, Ҳаким Умари Хайём, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ҳакимони замон Ал Форобиву Ал Хоразмӣ, Шайх Саъдиву Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳову  садҳои дигар, ки ҷаҳонро бо  илму фарҳангу маърифати худ тасхир намудаанд.  Чӣ ҷойи шубҳа, ки устоди  нахустини ин  бузургвороне, ки ном бурдем, пеш аз ҳама зан- модари тоҷик будааст.

Мо аз таърих медонем, ки зан-модари тоҷик ҳам шоҳ будаасту ҳам сарвари шуҷоъ ва хирадпешаи  сарзамини худ. Шуҷоату корномаи таърихии Томарис — шоҳи Мовароуннаҳр, ин сарзамини далерон, ки  барои дифои кишвари худ ва интиқоми шавҳару фарзанди шаҳидаш  ба майдони набард баромадаву душманро  мағлуб кардааст, дар ёдҳо боқист.

Далели дигар ин ки бонувони тоҷик дар замонҳои ҳассос ватандӯстона ҷавшан ба тан кардаву  силоҳ ба даст гирифта, далерона ба ҳимояи ватани худ бархоста, дар майдонҳои набард на кам аз мардон қаҳрамониву шуҷоат ва ҷоннисорӣ нишон дода, ватанро аз истилои таҷовузгорон эмин доштаанд ва чунин корномаҳо дар саҳифаҳои таърих кам нестанд.

Дар гӯшаҳои гуногуни  Тоҷикистон  то имрӯз мавзеъҳое бо номи “Чилдухтарон” маҳфузанд. Қиссаи чилдухтаронро ҳама медонад, чил духтаре, ки ҳангоми  тиҳӣ мондани деҳа аз мардон, вақте душмани истилогар  ҳуҷум мекунад, мардонавор силоҳ ба каф мегиранду ҷоннисорона бар ҳимояи шарафи ватанашон бармехезанд ва то охирин неру меҷанганду дар майдони муҳориба қурбон мегарданд, аммо таслим намешаванд. Чунон ки гуфтаанд: “Ҳама сар ба сар тан ба куштан деҳем, аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!”.

Чунин мавзеъ-мазорҳо дар тамоми гӯшаҳои кишвар вуҷуд доранд, ки то имрӯз мардум онҳоро пос медоранд. Дар Муъминобод, Панҷакент, Суғду Хатлону Раштон…- дар ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон як Чилдухтарон ҳаст. Ва онҳо далели шуҷоати занони ватандӯсти тоҷиканд.

Агар имрӯз миллати сарбаланди мо баъд аз он қадар ҷаврҳои таърих, он қадар тохтутозу тороҷгариву хунрезиҳои душманон боз ҳам зиндаву поянда мондааст, ин бе иштирок, бе шарофату ҷоннисорӣ,  ақлу заковати баланди зан-модари тоҷик наметавонист бошад.

Арҷгузорӣ ба зан, яъне ба Модар ва ба оила, яъне ба сарчашмаи бунёди ҷомеаи инсон ва инсоният дар диёри арҷманди мо ҳамеша баланд буду ҳаст. Имрӯз, вақте Тоҷикистони азизи мо соҳиби Истиқлолияти давлатӣ шуд, ин арҷгузорӣ ба сурати боз ҳам дурахшонтару шукӯҳмандтар аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат зуҳур кардааст.


Зани тоҷик ҳамеша ва имрӯз ҳам сазовори он аст, ки дар пеши  азамату ҷоннисориҳои модаронаи ӯ сари саҷда фуруд оранд, зеро зани тоҷик бештар аз як зан, бештар аз як модар аст. Боре, ки ӯ бар дӯши худ гирифтааст, хеле фузунтару фарогиртар аз рисолати ӯст. Ба ҷуз ин, ки ӯ моро ба дунё овардааст, шабҳо нахобидаву ҳама гарониҳои рӯзгорро таҳаммул намудаву моро парварида, ба роҳи бузурги зиндагӣ баровардааст, боз ӯ тамоми бори гарони рӯзгори хонаводаро бар дӯш дорад. Хусусан дар деҳот, дар кӯҳистон, ки Тоҷикистони мо саросар кӯҳистон аст. Дар куҷо дидаед, ки як зан соҳиби ин қадар касбу кору ҳунар бошад? Зан дар хонавода, зан дар саҳро, зан дар коргоҳ, зан дар гиру мони рӯзгор, зан дар ҷомеа, зан ҳамчун ҳамсар, зан ҳамчун модар ва ғайраву ғайраҳо.

Бонувони мо собит намудаанд, ки ин рисолати пуршарафро бо сари баланд ба иҷро расонида метавонанд. “Офарандаи бахти аҳли башар, файзбахши меҳру вафо – Зан-Модар аст”- гуфтааст бузургворе.

Биёед, бубинем, ки рӯзгор чӣ масъулият ва чӣ борҳои гароне бар дӯши занони наҷиби тоҷик гузоштааст. Аввалан, чунон ки гуфтем, зани тоҷик  модар ва мураббии атфол аст, сипас ин зан ҳам кайвонаву ҳам дӯзанда, ҳам зироаткору ҳам боғпарвар, ҳам чорводору ҳам бинокор аст. Зани тоҷик донандаи ҳама касбу кор ва тамоми ҳунарҳои нодири рӯзгор аст.

Мегӯянд, ки миллати тоҷикро, пеш аз ҳама, забони модарӣ ва суннатҳои неки миллӣ, аз ҷумла Наврӯзаш зинда доштаанд. Аммо забон ва суннатҳоро, Наврӯзу Садаву Меҳргонро кӣ зинда дошт? Албатта, пеш аз ҳама занону модарони шарафманди мо.

Агар имрӯз мо ифтихор дорем, ки дар Тоҷикистони азизи мо тамоми суннатҳо, расму русуми нек, анъанаҳову ҳунарҳои наҷиби миллӣ зиндаву пояндаанд, инҳо пеш аз ҳама, ба шарофати занону модарони тоҷик аст. Ин магар гувоҳи  офаринандагӣ, бунёдгузорӣ ва донишманду  ҳунарманд будани зани тоҷик нест?

Дар бисёр мавридҳо, хусусан баъд аз ҷангҳои нангини шаҳрвандӣ, ки мардони зиёдеро аз байн бурд, зани тоҷик дар бисёр хонаводаҳо ҳам падар буду ҳам модар. Имрӯзҳо ҳам, ки қисми зиёди мардони кишвари мо дар муҳоҷирати  меҳнатӣ ҳастанд, ҳамин тавр аст, дар ин хонаводаҳо зан аст, ки ҳам мард асту ҳам зан, нигаҳдорандаи гулхани фурӯзони рӯзгор. Пас кист зани тоҷик, агар қаҳрамон нест?!

Имрӯз ба шарафи Истиқлолияти давлатӣ ва дар партави хираду муҳаббати Пешвои миллати мо, бубинед, чӣ гуна арҷгузорӣ ва дастгирӣ аз занону духтарон, аз бонувон ба амал бароварда мешавад. Ҳеҷ гоҳ дар тӯли таърихи дарозу пурмоҷарои миллати мо зани тоҷик дар ҷомеа ин қадар соҳибэҳтирому соҳибмақом ва болонишин нагардида буд, чунон ки имрӯз аст. Имрӯз дар ҳама мақомҳои баланди ҷамъиятиву давлатӣ мо дурахши чеҳра, дурахши хираду ҳунару муҳаббати занҳоро мебинем ва ин беҳуда нест. Зеро дар он ҷойе, ки зан ҳаст, дар он ҷо раҳму шафқат, адолат, зебоишиносӣ, одамгариву хайрхоҳиву накӯкорӣ низ ҳузур дорад.

Дар замони шӯравӣ, вақте ки зани тоҷик ба озодӣ расид, устод Турсунзода суруда буд:

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Агар устоди шодравон имрӯз зинда мебуд, яқин аст, ки аз ин шароит ва имконият ва дастгириҳои боз ҳам шоистатар, ки барои занони тоҷик Истиқлолияти давлатӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон фароҳам овардаанд, бештар ба ваҷд меомад ва шояд ин ситоишро ба оҳанги нав идома медод.

Ба шарофати ҳамин сиёсати арҷгузорӣ ба зан-модар аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон рӯзи иди бонувонро Рӯзи Модар номгузорӣ кардаанд. Дар ин мафҳум маъное ироа мешавад, ки ин ид, ин рӯзро шоиставу муқаддас мегардонад, зеро марбут ба номи модар аст.

Гумон мекунам, роҳбарияти  кишвари мо, вақте ки дар таҳия ва қабули қонунҳо дар бораи масъулияти падару модар, танзими маросим, роҳандозии озмунҳои наве, ки ҳадафи баланди миллӣ доранд,  иқдом пеш гирифтанд, яқин аст, ки пеш аз ҳама, ба саҳми мадари тоҷик, ба хираду фазилати ӯ такя ва эътимод доштанд.

Аз соли 2006 бо дастгирии Пешвои миллат барои дастгирии занони соҳибкор  грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд. Маблағе, ки аз ҷониби  Комиссияи  озмунҳои грантҳои президентӣ  ҷудо карда шудааси, имрӯз ба чандин миллион сомонӣ расидааст.

Эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сабадбофӣ, кашидадӯзӣ, дӯзандагӣ, парвариши чорво, боғдорӣ, зироаткорӣ, занбӯриасалпарварӣ…  ва ғайраро оё метавон бе ширкату саҳми бонувон тасаввур кард?

Баъд аз эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақш ва фаъолияти занони деҳоти тоҷик боз ҳам баландтар бардошта шуд. Зеро амалӣ гардидани ин барномаи Ҳукумат бе иштироки фаъоли занони деҳот ва саҳми онҳо номумкин менамояд.

Оё метавон имрӯз рушди деҳотро бе заҳмату ҳунару заковати занони тоҷик тасаввур кард? Оё метавон рушди ҳунарҳои миллии моро, ки маҳз зан ва модари тоҷик бунёдгузору нигаҳдорандаи онҳо дар тӯли асрҳо будааст, имрӯз бе файзу баракати дастони модари тоҷик пеши назар овард? Оре, имрӯз маҳз занони тоҷик бо маърифати зотии баланди хонаводагии худ, ки аз имтиҳони асрҳову таърих гузаштаву пирӯз мондааст, сарчашмаи асосии рушди деҳотанд.

Имрӯз боз ҳам ба шарофати ҳамин зан – модари заҳматкаши тоҷик дастурхони мо аз  сабзавоту мева, зироати мухталиф, ширу қаймоқи лазиз ва даҳҳо номгӯи дигари маҳсули дастони пурзаҳмати ӯ файзу баракат дорад.

Беҳуда нест, ки бузургони ҷаҳон бо муҳаббату самимияти баландтарин ҳама ситоиши модар кардаанд ва зеботарину дурахшонтарин дурри суханро нисори қудуми модарон намудаанд.

Навсандаи машҳури дунё Халил Ҷуброн мегӯяд: Модар зеботарин вожаест, ки инсон ба забон овардааст.

Дар ин радиф нависандаи маъруфи ҷаҳонӣ Оноре де Балзак навиштааст: Ояндаи миллат дар дасти модарон аст.

Нависандаи номдори рус Максим Горкий низ ба ин гуфтаҳо ҳамроҳ гардида  гуфтааст: Бе офтоб гул, бе муҳаббат хушбахтӣ, бе зан ишқ ва бе модар инсон вуҷуд надорад!

Бале чунон ки бузурги дигаре нигоштааст: Дасте, ки гаҳвораро меҷунбонад, дунёро сарварӣ мекунад  ва ин даст бешубҳа, дасти модар аст.

Хушбахтона, имрӯз арҷгузорӣ ба зан, ба модар, ғамхориву дастгирӣ аз ӯ дар мадди аввали сиёсати давлатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти муҳтарами он истодааст, ки ин масъулияту муҳаббати ҳамешагии моро нисбат ба занону модарону хоҳарони азизамон шукӯҳмандтар мегардонад.

МОДАРИ ТОҶИК!

Модари тоҷик, ранҷу дардҳое дидаӣ!
Бо ҳама мардонагӣ номардҳое дидаӣ!

Сӯхт хоки меҳанат сад бору армонат насӯхт,
Сӯхт ҷонат, сӯхт ҷонат, сӯхт, имонат насӯхт!

Хуни тифлони туро дар пеши чашмат рехтанд,
Хоки бунёди туро дар лобалоят бехтанд.

Бо ҳама ин ҷабрҳо покиза домони ту монд,
Решаҳои миллат андар решаи ҷони ту монд.

Эй зани тоҷик , эй фарзонаи давру замон,
Эй фаришта, эй расида чун атои  осмон!

Бо шуҷоат, бо шаҳомат, бо шукӯҳи беназир,
Доштӣ фардои миллатро чу ҷон андар замир.

Некмардони ту бар олам фазилат бурдаанд,
Панду андарзу дуову илму ҳикмат бурдаанд.

Модари аллома Синоиву моми Рӯдакӣ,
Модари Хайёму Саъдӣ, ҷумла мардони закӣ.

Аз ту руста Шераку Деваштичу Испитамон,
Аз ту руста родмардиву футувват дар ҷаҳон.

Ин туӣ, сарчашмаи бунёди сад фазлу ҳунар,
Ҳар ҳунарро ҳифз дар худ кардаӣ ҳамчун гуҳар.

Зинда бо ту монд, модар, оташи ин хонадон,
Ин туӣ, ганҷинадори ҷашнҳои бостон.

Бо ту садҳо суннати неки ниёкон зинда монд,
Тоҷикистон, бо ту модар, Тоҷикистон зинда монд!

Боз, модар, дасти эҳсону сафо бикшодаӣ,
Баҳри эҳёи Ватан озода мардон додаӣ.

Аз сафои меҳри покат ҷони мо рӯшан бувад,
Ҷойгоҳат, модаро, тоҷи сари Меҳан бувад!

Март 8, 2022 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд