Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён бинои баландошёнаи истиқоматиро ба истифода доданд

Март 20, 2022 12:08

ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯшониён бинои баландошёнаи истиқоматиро, ки аз 7 ошёна иборат мебошад, ба истифода доданд.

Ҳангоми сохтмони бинои истиқоматӣ, ки аз 40 хона иборат аст, 12 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори мувақатӣ таъмин буданд. Масоҳати умумии майдони иншоот 900 метри мураббаъро ташкил намуда, хонаҳои истиқоматии он 1 ва 2 ҳуҷрагӣ мебошад.

Мутобиқи маълумот ошёнаи якуми бино ҳамчун марказҳои хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст ва бо ба фаъолият шуруъ намудани онҳо чандин нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор хоҳанд гашт.

Баҳри самаранок истифода бурдани иншоот ва ҷиҳати таъмини сокинон бо ҷойҳои корӣ дар таҳхонаи бино коргоҳи хурди истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба ду оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои навро тақдим карданд.

Зимни шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити манзилҳои зист ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми пешгирифтаи соҳибкорро дар рӯзҳои таҷлили пуршукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз муҳиму саривақтӣ маънидод намуданд.

Дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 150 нафар ятимону бепарасторон, ки аз 5 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳам омада буданд, суҳбату мулоқоти самимии падарона анҷом дода, баҳрашон дастархони идонаи Наврӯзи оростанд.

Пешвои раиятпарвари миллат ҳама кӯдаконро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо тӯҳфаҳои арзанда тақдим намуданд.

Туҳфаҳо, ки аз сару либос ва ширинӣ иборат буданд, боиси хушҳолии кӯдакон гардид.

Дар ҳаминҷо ба Сарвари давлат лоиҳаи сохтмони бинои нави 9 ошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиршавии марказҳои савдову хизматрасонӣ дар ошёнаи аввал, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Давлатов сохта мешавад, муаррифӣ гардид.

Мутобиқи маълумот дар бинои баландошёнаи сохташаванда 64 хонаи 1 ва 2 ҳуҷрагӣ ҷойгир мешавад.

Ҳамзамон дар саҳни бино таваққуфгоҳ барои зиёда аз 30 воситаи нақлиёт ва майдончаи болопӯшидаи варзишии замонавӣ банёд карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти сохташаванда, ба соҳибкор ҷиҳати босифати баланд анҷом додани корҳои бунёдӣ дастурур маслиҳатҳои муфид доданд.

Ба истифода додани бинои истиқоматӣ ва муаррифии лоиҳаи сохтмони бинои баландошёна дар ноҳияи Кӯшониён 20.03.2022

Март 20, 2022 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб Беморхонаи хусусии ташхисию табобатии «Мирзоён»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб марказҳои обтаъминкунӣ ва корезро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 10 иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и шаҳри Кӯлобро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд