Полковники милитсия Азиза Давлатшоева хизмат ба Ватанро рисолати хеш меҳисобад

Март 7, 2022 09:31

ДУШАНБЕ, 07.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари давлат омадан нисбат ба олиҳаи зиндагӣ, яъне зан-модар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамуданд. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат 6 марти соли 2009 дар бораи Рӯзи Модар эълон намудани 8 март фармон ба имзо расониданд, ки ин ҳам аз таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат шаҳодат медиҳад. Давлате ки нисбат ба Зан-Модар — ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво набошад, ояндаи неку дурахшон дорад. Чунин ибрози назар намуд сардори кафедра, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Азиза Давлатшозода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар арафаи Рӯзи Модар. 

Мавсуф афзуд, ки ҷашни фархундаи Рӯзи Модар ба нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат рост меояд, ки ин аз бузургии зан-модар шаҳодат медиҳад.

Албатта, занону модарони тоҷик, пеш аз ҳама, тарбиятгар, насиҳатгар, нигоҳдорандаи ахлоқи поку ҳамида, ҳидоятгари роҳи ростӣ, тарғибгари оину анъанаҳои волои гузаштагон ва генофонди асосии миллат мебошанд.

«Зани тоҷик аз замонҳои қадим бо сифатҳои накӯву ахлоқи ҳамида ва зеҳни тез модари фарзандони донишманди башар шинохта шуда, фарзандони фарзонаеро ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки бо ақлу заковат ва нури хиради хеш роҳи зиндагии аҳли башарро мунаввар сохтаанд. Занону  модарони кишвари афсонавии мо  имрӯз ҳастии хешро ба он равона сохтаанд, ки  рисолати тарбиятгарӣ, поксириштиро дар замири фарзандони хеш ҷо намуда, онҳоро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд Парчами кишвари соҳибистиқлолро ба сӯи уфуқҳои ояндаи дурахшон  парафшон намоянд»,-иброз дошт Азиза Давлатшозода.

Ба зикри мавсуф, ҳанӯз дар гузаштаҳои дур ниёгони бофарҳанги мо ба қадру қимат ва эҳтироми зан-модар ҳамчун офарандаи ҳаёт ва парварандаи арзишҳои волои умумибашарӣ мерасиданд. Нишон додани сифатҳои неки қаҳрамонони «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, амсоли Таҳмина, Гурдофарид далели равшани эҳтиром ва арҷгузории бузургони гузаштаамон  нисбат ба занону модарони меҳанпарасту фидокори миллат  мебошад.

Мояи хушнудист, ки имрӯз тавассути  сиёсати оқилонаю дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро барои густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия кардани ҷигарбандон ва бедор сохтани ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ сарбаландона иҷро менамоянд.

Ба қавли Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «сухани пурҳикмату таъсирбахши занону модарони бомаърифат қудрате дорад, ки каҷравонро ба роҳи рост, ҷинояткоронро ба адлу инсоф, хиёнаткоронро ба сидқу сафо, ношукру носипосонро ба фурӯтанию шикастанафсӣ раҳнамун месозад».

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, ҳанӯз  солҳои нав таъсис ёфтани милитсияи тоҷик занони маҳаллӣ аз таҳдиди рӯҳониёни иртиҷоӣ наҳаросида, барои ояндаи нек талош варзида, тақдири хешро ба милитсия пайваста, ин пешаи шарафмандро интихоб намуданд. Дар солҳои ҳарбу зарби  Ҷанги дуюми ҷаҳон шумораи занҳо дар милитсия афзуд.

«Имрӯз шумораи занони фаъол дар вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз меафзояд. Зеро роҳбари кунунии Вазорати мазкур, генерал- полковники  милитсия Рамазон Раҳимзода ба масъалаи интихоб ва ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъйин намудани  занони бодонишу бомаърифат чун ба рукни муҳими сиёсати давлатдорӣ, фишанги тавонои пешбурди ҷамъият  муносибат  менамояд. Занҳо низ аз уҳдаи вазифаҳои ба зиммадоштаи хеш бо сарбаландӣ баромада, мавриди дастгирии  роҳбарияти  вазорат ва давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд»,-мегӯяд Азиза Давлатшоева.

Сиёсати ҳадафмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ба афзудани сафи занон дар мақомоти корҳои дохилӣ  мусоидат намуд. Зиёд гардидани занони соҳибтахассус ва боиффату дорои ифтихори баланди миллию ватанпарастӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ танҳо  ба  манфиати кор хоҳад буд, зеро беҳтарин  ва  арзандатарин  хислати  занон: поктинатию инсондӯстӣ, нексириштию фарҳангпарварӣ, созандагию  заҳматписандӣ ва  эҳсоси волои ватандӯстию ифтихори  ватандориро дар симои занони тоҷик метавон дарёфт кард.

Дар тӯли давраи соҳибистиқлолии хеш Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои зиёде таҳия намудааст. Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва тасдиқ гардидани Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016»,  «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» аз ин ҷумлаанд.

Ҳадаф аз қабул намудани ин санадҳои сарнавиштсоз, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти бонувон мебошад. Ин ҳуҷҷатҳо дар баробари он ки дурнамо ва ояндаи хуби  пешрафти зани тоҷик ва боло рафтани мақоми ӯро дар  ҷомеа муайян менамояд, инчунин моро уҳдадор менамоянд, ки тамоми кӯшиши худро баҳри татбиқи онҳо ба хотири шукуфоии кишвар ба харҷ диҳем.

«Мо занони корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ифтихор аз ин  Ватану ин миллати соҳибтамаддун дар қатори бародарони хеш -мардони шуҷову ҷасури Ватан  дар пойдории сулҳу  ваҳдати миллӣ, амнияти ҳар сокини кишвар зиракии сиёсиро аз даст надода, бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии  кишвар содиқона  фаъолият менамоем. Ҳамеша бо Ватан будан ва дастгирии сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои миллати  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати мост»,- тазаккур дод сардори кафедра, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Азиза Давлатшозода дар хатми суҳбат.

 

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»,

АКС: Академияи ВКД

Март 7, 2022 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера ва ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ аз нишонаҳои он аст
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»
Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон
Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд»
Пешвои миллат: «Хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гузошта шуда буд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид»
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит