САҲМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОЛО БУРДАНИ МАҚОМ ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА. Дар Душанбе конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд

Март 7, 2022 10:58

ДУШАНБЕ, 07.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани мақом ва нақши шоистаи занон дар ҷомеа» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳамоиши мазкур ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Гавҳар Шарофзода ва доираи васеи занону бонувон, устодон, донишҷӯёну магистрантон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғоз Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мақоми зан ҳамчун як қишри муҳими ҷомеа дар соҳаҳои мухталиф беш аз беш афзуда истодааст. Ҳамчунин, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тавсиб расонида шудааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир занони мо дар соҳаҳои маориф ва илм, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва сиёсат нисбат ба солҳои гузашта бештар ба назар мерасанд.

Сипас, Масрур Абдуллозода суханронӣ намуда, ёдовар шуд, ки занон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ба мақом ва мартабаи зан-модар ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Боиси тазаккур аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани мавқеи иҷтимоии занон дар кишварамон 20 санади муҳими давлатӣ қабул гардид, ки соли 2014 бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳонӣ Созмони Милали Муттаҳид кишвари моро узви Комиссияи доимоамалкунанда оид ба мақоми зани Созмони Милали Муттаҳид интихоб кард.

Гавҳар Шарофзода, дар хусуси қабул ва татбиқи қонуну фармонҳо ва барномаҳои давлатӣ вобаста ба занон суханронӣ карда, аз чанд санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои зан қабул гардидаанд, ёдовар шуд. Афзуд, ки зимни таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ маҳз барои баланд бардоштани нақшу мақоми бонувон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, таъмини баробарии гендерӣ дар ҷомеа диққати хоса дода мешавад.

Таъкид гардид, ки мартаба ва эҳтироми занон дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми шоён ба худ касб кард. Баргирифта ба ҳурмату иззате, ки гузаштаи хирадманд ва донишофари тоҷик ба зан-модар доштанд, дар замони соҳибистиқлолӣ мартаба ва мақоми занон ба таври назаррас боло рафт ва онҳо дар радифи мардон аз ҳеҷ кори давлатию ҷамъиятӣ дур намонданд. Балки занон пайваста ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ дар вазифаҳои мухталиф ҷалб гардида, барои рушди бештари соҳоти мухталифи кишвар аз дониш ва қувваи созандаи онҳо кор гирифта шуд.

Дар кори конфронс инчунин занони собиқадор, донишҷӯдухтарони макотиби олӣ иштирок карданд. Қисми фарҳангии конфронсро ҳунарнамоии кормандони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои Академия ҳусни маънавӣ бахшид.

 

АКСҲО: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Март 7, 2022 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст