Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён бинои Маркази таълимӣ-фароғатии кӯдаконро бо номи «Зарринтоҷ» ба истифода доданд

Март 20, 2022 11:35

ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён Маркази таълимӣ — фароғатии кӯдаконро бо номи «Зарринтоҷ» мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин маркази таълимии навбунёд аз 3 ошёна иборат буда, дар ноҳия калонтарин ба ҳисоб рафта, дар як вақт имкон дорад, ки то 200 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Дар муассисаи наву замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир аст, 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гардида, фарзандони мардуми ноҳия ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Маркази таълимӣ аз тарафи соҳибкор Сафар Ҳалимов дар мудати 3 сол бо риояи талаботи сохтмонӣ ва шакли зебову замонавӣ бунёд карда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар ин маркази таълимӣ, Пешвои муаззами миллат ба иқдоми соҳибкори ватандӯст ҷиҳати саҳм гузоштан дар бунёди чунин иншооти зебову замонавӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Дар ошёнаи якум ҷойи бозиҳои шавқовари кӯдакона бо ҳама шароит ва дар ошёнаи дуюм бошад 4 синфхонаи таълимӣ, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русиву англисӣ ва як синфхонаи рассомӣ мавҷуд мебошад.

Баробари фароҳам овардани беҳтарин шароит дар Маркази таълимӣ — фароғатии кӯдакон бо номи «Зарринтоҷ» ҳамзамон дар саҳни ҳавлии он 4 айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавии халқи тоҷик ва ҳайвоноти гуногун сохта шудааст.

Ба истифода додани бинои Маркази таълимӣ - фароғатии кӯдакон бо номи "Зарринтоҷ" дар ноҳияи Кӯшониён 20.03.2022

Март 20, 2022 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд