ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Дар Тоҷикистон хокбориш боқӣ монда, эҳтимоли лағжиши тарма ва омадани сел вуҷуд дорад

Март 30, 2022 14:11

ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои  Агентии обуҳавошиносии мамлакат, 30 март дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон хокбориш боқӣ монда, дар навоҳии кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд эҳтимоли лағжиши тарма вуҷуд дорад. Дар маҳалҳои ҷудогонаи роҳҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон хатари омадани сел ва резиши санг зиёд мебошад.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Дар робита ба ин ҳолат Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба самъи аҳолӣ мерасонад, ки аз чорвочаронӣ дар маҳалҳои хатарнок, рафтан ба соҳили рӯдхонаҳо барои моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин таъкид карда мешавад, ки ба хотири пешгирӣ аз хатари сел сари вақт ҷӯйборҳо ва каналҳои наздики хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоке, ки метавонанд сабаби воридшавии обу лой ба ҳавлиҳо шаванд, тоза намоянд.

Инчунин дар мавриди дарёфти хабар оид ба хатари тармаву сангрезӣ муваққатан аз сафарҳои нозарур худдорӣ намоянд.

АКС: КҲФ ва МГ

 

Март 30, 2022 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад