Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба мактаби №55-и шаҳри Ваҳдат мизу курсӣ тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 16 март бо дастури Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 –и шаҳри Ваҳдат мизу курсиҳои таълимӣ барои 50 ҷойи нишаст тақдим гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, 15 март Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия, мушкилоти муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 шаҳри Ваҳдат дидан намуд.
Вазир бо омӯзгорони муассисаи таълимӣ ҳамсуҳбат гардида, таъкид кард, ки мақсад аз ташриф ба муассиса ва суҳбати имрӯза огоҳ шудан аз вазъи соҳа, аз забони омӯзгорон шунидани проблемаву мушкилоти ҷойдошта, муайян намудани роҳҳои баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва дар ин замина ҷиҳати рушди соҳа шунидани таклифу пешниҳодҳост.

Омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур доир ба норасоии китобҳои дарсӣ, омӯзгори фанни забони англисӣ, таъмирталаб будани муассиса, фурӯши билетҳои киною театр ва китобҳои гуногун, санҷишҳои ғайрисоҳавию ғайринақшавӣ ва ғайра таклифу пешниҳодҳо манзур намуданд.
Аз ҷумла, зимни суҳбат омӯзгорон иброз доштанд, ки яке аз мушкилоти асосии муассисаи таълимӣ норасоии ҷойи нишаст мебошад. Бо дархости омӯзгорон ва мусоидати Вазорати маориф ва илм имрӯз ин мушкилӣ ҳалли худро ёфт.
Аксҳо: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






