Риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ- кафили бехатарии кӯдакону наврасон
ХОРУҒ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ мулоқоти кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид. Мақсади мулоқот- тарғиби қоидаҳои ҳаракат дар роҳ миёни кӯдакону наврасон ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ, ҳавасмандгардонии толибилмон барои омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, фароҳам овардани шароит барои фаъол гардондани корҳо оид ба таблиғи рафтори бехатар дар роҳҳои мошингард мебошад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Мудири шуъбаи тарғибу ташвиқи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят Муҳаммадҷон Тағоймуродзода зимни мулоқот иброз дошт, ки “дар чанд соли охир шумораи мошинҳо дар роҳҳои мошингарди шаҳри Хоруғ бамаротиб зиёд гаштааст ва аз ин рӯ ба пиёдагардон, бахусус кўдакону наврасон зарур аст, ки дар бораи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маълумоти бештар дошта бошанд. Зеро надонистани ин қоидаҳо ба сар задани ҳодисаҳои нохуш оварда мерасонад”.
Синфхонае, ки дар он мулоқот баргузор гардид, бо воситаҳои гуногуни тарғиботӣ, овезаҳои ҷолиб бо муҳтавои содаву одӣ таҷҳизонида шуда буд. Мудири шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилоят гуфт, ки “омўзгоронро низ зурур аст, ки дар баробари нозирони роҳ бо хонандагон дар бораи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳамеша суҳбат кунанд. Агар шогирдон аз хурдсолӣ дар бораи ин қоидаҳо маълумот гиранд, он ҳамеша дар хотирашон ҳифз мешавад”.
Риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ кафили асосии бехатарӣ буда, аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои автомобилгард пешгирӣ менамояд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






