БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе баргузор мешавад

Апрель 12, 2022 13:30

ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқа бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт 611 530 сомонӣ ҷудо гардид.

Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе 16 апрел, соати 09:00 оғоз гардида, дар он варзишгарон аз минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бародаршаҳрҳои Душанбе ва дигар хоҳишмандон ширкат мекунанд.


Ниммарафони Душанбе шурӯъ аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва он соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардид.

Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон гузаронида шуд.

Имсол низ барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон аз бародаршаҳрҳои Душанбе ва шаҳрҳои дӯсту ҳамкор даъват шудаанд. Ҳамчунин имсол наврасон низ имкони иштирок дар мусобиқаро доранд. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, наврасони 8-10-сола дар масофаи 3 км, 10-12-сола дар масофаи 5 км ва 12-15-сола дар масофаи 8 км сабқат мекунанд.

Фонди ҷоизаҳои Ниммарафони Душанбе имсол 446 ҳазору 160 сомониро ташкил медиҳад. Шашгонаи аввал ҳам миёни мардҳо ва ҳам миёни бонувон бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мегардад:

Ҷои 1: 54 600 сомонӣ

Ҷои 2: 46 800 сомонӣ

Ҷои 3: 39 000 сомонӣ

Ҷои 4: 31 200 сомонӣ

Ҷои 5: 28 080 сомонӣ

Ҷои 6: 23 400 сомонӣ

АКСҲО: АМИТ «Ховар»/КМО Тоҷикистон

Апрель 12, 2022 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд