Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис ҷараён дорад

Апрель 21, 2022 16:42

ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 18 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии теннис — «Душанбе кап» ҷараён дорад, ки то 22 апрел идома меёбад. Ҳамчунин аз 23 апрел то 5 май Мусобиқаи байналмилалии теннис -«Душанбе опен» миёни наврасони то 14 — сола баргузор мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи тенниси Тоҷикистон.

Мусобиқаи байналмилалии теннис бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии теннис, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи тенниси Тоҷикистон баргузор шуда, дар он зиёда аз 128 варзишгар аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Русия, Беларус, Туркия, Эрон, Дания, ИМА, Исроил, Ҳиндустон, Фаронса, Малайзия, Белгия, Украина, Чин ва Олмон иштирок менамоянд.

Мусобиқаҳои мазкур дар кортҳои тобистонаи ҳудуди Варзишгоҳи марказӣ баргузор шуда, тамошои он ройгон аст.

АКС: Федератсияи тенниси Тоҷикистон

Апрель 21, 2022 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд