Дар вилояти Хатлон мониторинги барномаҳои соҳавӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 24 апрел дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мониторинги барномаҳои соҳавӣ- «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» гузаронида шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.
Иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Дар ҷараёни баргузории мониторинг сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги мамлакат Озар Орифӣ, сардори шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста Акмал Олимшоев иштирок намуда, иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои амалисозии барномаҳоро таҳлили амиқ намуданд.
Ҳамчунин зимни он масъулин аз муассисаҳои фарҳангӣ бо ҳолати фаъолияти кормандон, ҳуҷҷатнигорию коргузорӣ ва ҷараёни омодагиҳо ба баргузории чорабиниҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, аз қабили озмунҳои «Тоҷикистон-Ватани азизи манн», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Чароғи ҳидоят», «Гулзори маърифат» ва ғайра шинос шуда, ба кормандони муассисаҳои фарҳангӣ тавсияҳои амалию методӣ доданд.
Ёдовар мешавем, ки мониторинги барномаҳои соҳавӣ дар дигар минтақаҳои мамлакат низ гузаронида мешавад.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






