Дарвозабон Рустам Ятимов беҳтарин бозингари вохӯрии дастаҳои «Истиқлол» ва «Шарҷа» дониста шуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дарвозабони дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Рустам Ятимов беҳтарин бозингари вохӯрӣ миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб дониста шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи байналмилалӣ ба номи Шоҳ Фаҳди шаҳри Риёз доир шуда, бо натиҷаи 2 бар 0 ба нафъи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Эрик Бокум дар дақиқаи 14-ум ва Владислав Касминин дар дақиқаи 90+1 ба нишон расониданд.
Ёдовар мешавем, ба даври 1/8-ниҳоӣ аз гурӯҳи «А» дастаҳои футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва «Ал-Райян»-и Қатар бо касби 13 имтиёзӣ роҳхат гирифтанд. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе-чемпиони Тоҷикистон дар гурӯҳ бо касби 3 имтиёз дар зинаи охирин мавқеъ гирифта, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
АКС: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






