«DUSHANBE CUP». Ғолибони Мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 22 апрел дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи тенниси Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон «Dushanbe Cup» дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дар ин бора корманди Федератсияи тенниси Тоҷикистон Абдурасул Муҳиддинов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 128 варзишгар аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркия, Эрон, Дания, ИМА, Исроил, Ҳиндустон, Фаронса, Малайзия, Белгия, Украина, Чин ва Олмон иштирок карданд.
Дар натиҷа, дар рақобатҳои инфиродӣ миёни писарон ҷои аввалро варзишгари навраси тоҷик Сомон Амонов ба даст овард. Ҷои дуюм насиби Анатолий Тсибулко (Қазоқистон), ҷои сеюмро Саидамир Саидазимов (Узбекистон) сазовор гардид.
Миёни духтарон ҳар се ҷои ифтихориро намояндагони Узбекистон сазовор шуданд. Вероника Лян ҷои аввал, Кейра Ким ҷои дуюм, Муслимахон Турдимуродова ҷои сеюмро гирифтанд. Дар мусобиқаи ҷуфтӣ миёни писарон ҷуфти Сомон Амонов (Тоҷикистон) / Анатолий Тсибулко (Қазоқистон) мақоми аввалро ишғол намуданд. Ҷуфти Комрон Икромов/Саидамир Икромов (Узбекистон) ҷои дуюмро сазовор гардид. Миёни духтарон ҷуфти Кейра Ким / Олеся Петрова (Узбекистон) ҷои якум, ҷуфти Муслимахон Турдимуродова / Вероника Ҷепарова (Узбекистон) ҷои дуюмро ишғол намуданд.
Ба иттилои корманди Федератсияи тенниси Тоҷикистон Абдурасул Муҳиддинов, давоми сол дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои дигари сатҳи байналмилалӣ миёни наврасону ҷавонон ба нақша гирифта шудаанд, ки ҳамагӣ ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид шуда, рейтингӣ ҳастанд. Аз ҷумла 23 апрел мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Open» миёни наврасони то 14-сола шурӯъ гардид, ки то 28 апрел идома меёбад.
Моҳи май ду мусобиқа миёни ҷавонони то 18-сола доир хоҳад шуд – «Tajikistan Open» (2-7 май) ва Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон (9-14 май).
Ёдовар мешавем, ки аз 8 то 13 августи соли равон баргузории Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис, 15-20 август «Dushanbe Open», 3-8 октябр «Dushanbe Cup» ва 10-15 октябр «Somoni Cup» миёни ҷавонони то 18-сола дар назар аст.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид






