Форумҳои сармоягузорию тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия давоми соли равон баргузор карда мешаванд

Апрель 19, 2022 14:40

ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 апрел вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов дар Донишгоҳи иқтисод ва технологияи TOBB бо Президенти Иттиҳодияи палатаҳои тиҷоратию саноатӣ ва биржаҳои молии Туркия (TOBB) Рифат Ҳисарҷиклиоглу баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни ду кишвар, аз ҷумла гардиши савдо, раванди ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба Тоҷикистон, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022–2026, дар таҳрири нав қабул гардидани Кодекси андози Тоҷикистон, ҷорӣ гардидани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Туркия  ва афзоиши шумораи хатсайрҳои миёни шаҳрҳои ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти мубодилаи таҷриба вобаста ба рушди институтсионалӣ ва ташаккули инфрасохтори муосири соҳибкорӣ, бахусус баланд бардоштани иқтидори ассотсиатсияву палатаҳои тиҷоратии Тоҷикистон давраҳои омӯзишӣ ташкил намоянд. Инчунин ҷиҳати рушди ҳамкорӣ миёни бахши хусусии ду кишвар бо мусоидати ҷонибҳо давоми соли равон  форумҳои сармоягузорию тиҷоратӣ ташкил карда мешаванд.

АКС: ВКХ ҶТ

Апрель 19, 2022 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд