ФУТБОЛ. «Хатлон», «Эсхата» ва «Истаравшан» дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1-3 апрел Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бо чор бозии даври якум мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз гардид. Дар даври аввал чордаҳ гол зада шуд. Ҳисоби калон дар бозӣ миёни дастаҳои футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ба қайд гирифта шуд. Футболбозони истаравшанӣ ба дарвозаи дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ 5 голи беҷавоб заданд. Муаллифи голи аввалин дар мавсими 2022 легионери камерунии «Истаравшан» Мбеке Сиябатчу Деудонӣ гардид.
Бозӣ миёни ду дастаи нави лигаи олӣ –«Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо ҳисоби мусовӣ 2:2 анҷом ёфт.
Дар бозиҳои дигар дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бар «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-10 апрели соли равон баргузор мешаванд.
8 апрел дастаҳои футболи «Эсхата» бо «Файзканд», 9 апрел «Истаравшан» бо «Хатлон», 10 апрел «Хуҷанд» бо «Равшан» (Зафаробод) ва КМВА бо «Регар-ТадАЗ» вомехӯранд. Мусобиқаи мазкур дар ду марҳила доир мегардад.
Дар марҳилаи аввал ҳамаи даҳ даста дар ду давра бозӣ мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натиҷаи марҳилаи аввал панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1-ум то 5-ум дар ҷадвали мусобиқа талош меварзанд. Панҷ дастаи боқимонда дар гурӯҳи «В» дар як давр бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 6-ум то 10-ум ва нигоҳ доштани мавқеашон дар Лигаи олӣ мубориза мебаранд, ду дастаи ҷойҳои охир ба Лигаи аввал мегузаранд. Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар мусобиқаи имсолаи чемпионати Тоҷикистон ҳамагӣ 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Чемпионати Тоҷикистон -2022
Лигаи олӣ. Даври 1-ум
2-юми апрел (шанбе)
«Файзканд» — «Истаравшан» 0:5
Голҳо: Мбеке Сиябатчу Деудони, 35 (0:1). Отабек Зокиров, 57 (0:2). Мбеке Сиябатчу Деудони, 69 (0:3). Отабек Зокиров, 78 (0:4). Амирҷон Сафаров, 82 (0:5).
«Регар-ТадАЗ» — «Равшан» (Зафаробод),2:2
Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 46 (1:0). Бехрӯз Дустмуродов, 54 (1:1). Бахтиёр Зарипов, 55 (1:2). Фаридун Давлатов, 90+1 (2:2).
Бозии «Истиқлол» — КМВА ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд.
3-юми апрел (якшанбе)
«Эсхата» — «Хуҷанд», 1:0
Гол: Шаҳзод Абдураҳимов, 90+3.
«Хатлон» — «Равшан» (Кӯлоб), 3:1
Голҳо: Тоҳирҷон Тағойзода, 7 (1:0). Парвиз Баки-Ахунов, 21 (2:0). Хайриддин Турахонов, 69 (3:0). Абдухалил Боронов, 77 (3:1).
АКС: ФФТ








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад






