ФУТБОЛ. «Равшан» ва «Хатлон» дар даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб омаданд

Апрель 18, 2022 14:18

ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 апрел бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб  баргузор шуданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи  футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар пас аз натиҷагирии се даври бозиҳо дар садри ҷадвал қарор дорад. Ин даста бо роҳбарии сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев дар ду бозӣ пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дода, аз 9 холи имконпазир ҳафт хол ба даст овард. Аз ҷумла, дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  дар даври сеюм бар дастаи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Ҳисобро Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи 43 ба нафъи  дастаи «Эсхата» кушод. Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 69 ҳисобро баробар кард. Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи 84 боз ҳам дастаи «Эсхата»-и шаҳри   Хуҷандро ба пеш баровард. Вале Тони Бикатал дар дақиқаи 88 ва Парвиз Боқӣ-Охунов дар дақиқаи 90+1 ду гол зада, ғалабаи дастаии  футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро таъмин карданд.

Дар бозиҳои дигар дастаҳои футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  бо  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо ҳисоби  мусовии 0:0   бозӣ карда, дастаи  футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  дар меҳмонӣ бар дастаи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад ва аввалин пирӯзиашро ҷашн гирифт. Дастаи «Равшан»-и ноҳияи  Зафаробод дар майдони худаш аз дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби   0:2  шикаст хӯрд.

Чемпионати  Тоҷикистон-2022  

Лигаи олӣ. Даври 2-ум

8 апрел (ҷумъа)

«Эсхата» – «Файзканд» 1:3

Голҳои Оятулло Сафаров, Шавкати Ҳотам ва легионери узбек Амирҷон Сафаров пирӯзии аввалини  дастаи «Файзканд»-ро дар мавсими нави чемпионати Тоҷикистон таъмин карданд. Ягона голи дастаи «Эсхата»-ро Санҷар Рихсибоев аз зарбаи 11-метра ба нишон расонид.

 Ёдовар мешавем, ки бозиҳои  даври чоруми  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ  23-24 апрел ба нақша гирифта шудаанд. Дар даври мазкур дастаҳои футболи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб  бо «Равшан»-и  ноҳияи  Зафаробод, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо  КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  миёни ҳам вомехӯранд.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ

    Б ғ М Б Т Х
1 «Хатлон» (Бохтар) 3 2 1 0 6-3 7
2 КМВА (Душанбе) 2 2 0 0 3-0 6
3 «Истаравшан» (Истаравшан) 2 1 1 0 5-0 4
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 1 1 1 3-1 4
5 «Файзканд» (Восеъ) 3 1 1 1 3-6 4
6 «Равшан» (Кӯлоб) 2 1 0 1 2-3 3
7 «Эсхата» (Хуҷанд) 3 1 0 2 4-6 3
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзада) 3 0 1 2 2-4 1
9 «Равшан» (Зафарабад) 3 0 1 2 2-7 1
10 «Истиқлол» (Душанбе) 0 0 0 0 0-0 0

АКС: ФФТ

Апрель 18, 2022 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад
Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасону ҷавонон баргузор гардид
Дар Хоруғ мусобиқаи вилоятии шоҳмот баргузор гардид
Дар шаҳри Москва Чемпионати кушод оид ба ҷудо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид