Корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳи «UzTextile Expo Весна 2022» иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 29.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Намоишгоҳи 4-уми байналмилалии саноати бофандагӣ ва мӯди Узбекистон – “UzTextile Expo Весна 2022» 27-29 апрел дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва намояндагони корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо дарназардошти аҳамияти муҳим доштани ин намоиш ва бо мақсади ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, омӯхтани таҷриба ва ворид намудани техникаҳо, содироти маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Палата, роҳбарон ва намояндагони корхонаҳои ҶДММ «Ноҳид», ҶДММ «Файзи Тиҷорат», ҶДММ «Нури Истаравшан» ҶДММ «Салимабону», СИ «Ғаффоров К», ҶДММ КМ «Ҷавонӣ», ҶДММ «Сано», ҶДММ «Раҳимов А.А.», ҶДММ «Наргис», ҶДММ «САТН», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» бо роҳбарии Раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳамедҷонов иштирок намуданд.
Дар намоишгоҳи «UzTextile Expo Весна 2022» маҳсулоти корхонаҳои «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил», ҶДММ «Ортекс», ҶДММ «Раҳимов А.А.», ҶДММ «Гулистони Душанбе» ва ҶДММ «Сафия» ба намоиш гузошта шуданд.
Аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ иштирок намуда, бо мақсади бунёди корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ бо истифода аз технологияи муосир, ба роҳ мондани содироти молу маҳсулот, омӯхтани комёбиҳои навтарини истеҳсолот ва бастани созишномаҳои ҳамкории иқтисодӣ бо намояндагони ширкатҳо аз Федератсияи Русия, Туркия, Беларус, Эрон ва Узбекистон вохӯриҳо доир намуданд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати ҶТ








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






