Лигаи қаҳрамонҳои КФО: Дастаи футболи «Истиқлол» ба Риёз расид

Апрель 4, 2022 15:05

ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе барои ширкат дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022, ки дар шакли мутамарказ баргузор мешавад, 3 апрел вориди Арабистони Саудӣ шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба саҳифаи Фейсбукии дастаи футболи «Истиқлол» хабар медиҳад.

Дастаи «Истиқлол» — ро дар фурудгоҳи Риёз намояндагони кумитаи тадорукоти Лигаи қаҳрамонҳо ва кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ гарм истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи қуръакашӣ дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба гурӯҳи «А» шомил шуд. Ҳарифони чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Ал-Райян” (Қатар), инчунин ғолиби бозии плей-офф миёни дастаҳои “Шарҷа” (АМА) ва “Ал-Завраа” (Ироқ) мебошанд.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии Осиё миёни клубҳо дар минтақаи Ғарб дар қолаби марказонидашуда аз 8 то 27 апрел доир мегарданд. Дар асоси низомнома, ғолибони 10 гурӯҳ аз ду минтақа, ҳамчунин 6 даста, ки бо нишондиҳандаи беҳтар ҷои дуюмро дар гурӯҳашон сазовор мешаванд, ба 1/8-финал роҳхат мегиранд. Дар сурати ба даври дигар баромадан “Истиқлол” бозии даври 1/8-финалро 3 ё 4 феврали соли 2023 доир менамояд.

АКСҲО: Дастаи футболи «Истиқлол»

Апрель 4, 2022 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд