ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО. Имрӯз «Истиқлол» бо дастаи «Ал-Ҳилол» -и Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 бо пешсафи гурӯҳи «А»- дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, ки дар оғози Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 пайи ҳам се пирӯзӣ ба даст овардааст, рақобат мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи бозиҳои даври сеюми гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 дастаҳои футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе вориди майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд»-и шаҳри Риёз бо ҳузури 13 ҳазору 158 тамошобин сурат гирифта, ба нафъи мизбонон (1:0) анҷом ёфт.
Дастпарварони Виталий Левченко дар даври сеюм аз ғолиби феълии мусобиқот- дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 ноком гардиданд. Муаллифи голи ягона дар дақиқаи 52-ум Салмон Ал-Фараҷ шуд.
Аз ин пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 аз дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 2:1 мағуб гардид ва имкони баромад аз гурӯҳро барои худ душвор намуд. Аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-уми бозӣ ба нишон расонид. Голҳои дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Арабро Кайо Лукас Фернандес дар дақиқаи 54 ва Бернард Анисио дар дақиқаи 57 ба ҳадаф расониданд.
Мавриди зикр аст, ки чанд рӯз пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар гурӯҳи «А» аз дастаи «Ал-Райян»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Шаҳром Сулаймонов ва легионери узбекистонӣ Муҳаммад Исоев ба нишон расониданд.
Пас аз се бозии пайи ҳам дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ягон имтиёз ба даст наоварда, дар зинаи охири ҷадвал қарор гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар доираи бозиҳои гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё бо ҳисоби 4 бар 1 тавониста буд, ки дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудиро ноком созад.
| Б | ғ | М | Б | Т | Х | ||
| 1 | «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) | 3 | 3 | 0 | 0 | 6-1 | 9 |
| 2 | «Шарҷа» (Амороти Муттаҳидаи Араб) | 3 | 1 | 1 | 1 | 4-4 | 4 |
| 3 | «Ал-Райян» (Қатар) | 3 | 1 | 1 | 1 | 4-6 | 4 |
| 4 | «Истиқлол» (Тоҷикистон) | 3 | 0 | 0 | 3 | 3-6 | 0 |
АКС: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






