ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО. Пагоҳ «Истиқлол» бозии охирини худро бо дастаи «Шарҷа» доир мекунад

Апрель 26, 2022 09:39

ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе-чемпиони Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 дар гурӯҳи «А» бо дастаи футболи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат мекунад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Аз ин пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 панҷумин бозиашро анҷом дод. Дастаи Виталий Левченко дар даври панҷум бо дастаи футболи «Ал-Райян»-и Қатар қувва санҷида, дар лаҳзаҳои охирини рақобат бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардид.

Хотиррасон мешавем, ки шаби 19 ба 20 апрел чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 бо пешсафи гурӯҳи «А»- дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, рақобат карда, бо ҳисоби 0:3 мағлуб гардид ва имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст дод. Аз ин пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар доираи бозиҳои даври сеюми гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 аз дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардида буд.

Мавриди зикр аст, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 аз дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 2:1 мағлуб гардида буд. Аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-уми бозӣ ба нишон расонид. Голҳои дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Арабро Кайо Лукас Фернандес дар дақиқаи 54 ва Бернард Анисио дар дақиқаи 57 ба ҳадаф расониданд.

Чанд рӯз пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар гурӯҳи «А» аз дастаи «Ал-Райян»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Шаҳром Сулаймонов ва легионери узбекистонӣ Муҳаммад Исоев ба нишон расониданд.

Пас аз панҷ бозии пайи ҳам дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ягон имтиёз ба даст наоварда, дар зинаи охири ҷадвал қарор гирифтааст. Дастаҳои футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва «Ал-Райян»-и Қатар новобаста аз як даври боқимонда аллакай аз гурӯҳи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе соҳиби роҳхати марҳилаи плей-офф шуданд.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе то кунун дар ҳисоби хеш ягон имтиёз надорад ва имконияти аз гурӯҳ баромаданро аз даст додааст.

АКС: ФФТ

Апрель 26, 2022 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд