Носир Бозор сармураббии дастаи мунтахаби дзюдои бонувони Тоҷикистон интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон Носир Бозор ба вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба намуди гӯштини дзюдо таъйин шуд. Дар ин бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Носир Бозор соли 1957 дар деҳаи Шаҳри Барбари ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди гӯштини самбо ва дзюдо, дорандаи литсензияи дараҷаи байналмилалии «А», Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки Носир Бозор ҳамчунин президенти Федератсияи гӯштини кураши Тоҷикистон ва сармураббии дастаи мунтахаби самбо мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад






