НОЗИРОНИ РОҲ-СИМОИ МИЛИТСИЯ. Роҳбарияти РВКД дар шаҳри Душанбе бо кормандони БДА машварат доир кард
ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нозирони роҳ симои милитсия ба ҳисоб рафта, аз дараҷаи касбият ва одобу муоширати онҳо бо шаҳрвандон фаъолияти тамоми мақомоти корҳои дохилӣ баҳо дода мешавад. Вобаста ба ин нозирони роҳ зимни адои хизмат бо ронандагону шаҳрвандон одоби муоширатро риоя намуда, ҷиҳати ошкору бартарафсозии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, иброз намуд сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода зимни ҷаласаи хизматии кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттиллоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур роҳбарият ва ҳамаи кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Зикр гардид, ки бо талошу заҳматҳои роҳбарияти олии кишвар ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сол то сол хизматрасонии нақлиётӣ беҳтар гардида, роҳҳои нақлиётгарди пойтахт навсозӣ карда шудаанд. Аммо, ҳанӯз баъзе ронандагон, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронарзиш ва баъзе ронандагони мусофиркашони ҷамъиятӣ одитарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар қатори дуюму сеюми роҳ, дохили истгоҳ ва дигар ҷойҳои муқаррар нагардида ба таври дуру дароз таваққуф менамоянд, ки ин амали онҳо боиси танбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт шуда, боиси беназмӣ дар роҳҳои пойтахт мегардад. Ҷиҳати бартарафсозии ин ва дигар қоидавайронкуниҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Яке аз масъалаҳои ҳалталабе, ки дар ҷараёни ҷаласа баррасӣ шуд, ин ба танзим даровардани хизматрасонии воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ буд, ки вақтҳои охир содиршавии садамаҳои нақлиётӣ ва дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон ба чашм мерасад. Бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва риояи ҳатмии меъёру талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва одоби шаҳрдорӣ баргузории якчанд санҷишу амалиёт ва гузаронидани вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ронандагони мусофиркашони ҷамъиятӣ ба нақша гирифта шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт нақши шаҳрвандонро низ дар таъмини назму тартибот ва пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ назаррас арзёбӣ намуд. Чуноне таъкид гардид, шаҳрвандон бо мақомоти милитсия ҳамкории зич ба роҳ монда, ҳамарӯза бо мушоҳидаи амалу кирдорҳои номатлуб онро ба навор ва расм гирифта, ҷиҳати чораҷӯӣ ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ирсол менамоянд.
Баррасии арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон бевосита зери назорати роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
АКСҲО: Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






