ҶОМИ ОСИЁ-2022. Дастаи Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби футзали Непал бо ҳисоби калони 11:1 ғолиб омад

Апрель 11, 2022 15:20

ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар  шаҳри Бишкек дастаи мунтахаби  Непалро бо ҳисоби калони 11:1 шикаст дод, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Аз ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров се гол ё хет-трик анҷом дод. Идрис Ёров, Умед Кузиев, Шавкат Ҳалимов ва Самандар Ризомов  дутӯбӣ ба нишон расониданд.

Ёдовар мешавем, ки пагоҳ, 12 апрел дар даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022  дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ соати 10:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022

Минтақаи марказӣ ва ҷанубӣ. Гурӯҳи «В». Даври 2

Непал – ТОҶИКИСТОН – 1:11

Голҳо: Бишвас Паудел, 2 (1:0). Идрис Ёров, 7 (1:1). Умед Кузиев, 21 (1:2). Файзалӣ Сардоров, 25 (1:3). Файзалӣ Сардоров (1:4). Файзалӣ Сардоров, 32 (1:5). Шавкат Ҳалимов, 32 (1:6). Шавкат Ҳалимов, 33 (1:7). Умед Кузиев, 33 (1:8). Самандар Ризомов, 36 (1:9). Самандар Ризомов, 37 (1:10). Идрис Ёров, 37 (1:11).

Пеналтиро ба самар расонида натавонист: Файзалӣ Сардоров (Тоҷикистон), 17 (тӯб ба паҳлӯи дарвоза бархӯрд).

Аз майдон хориҷ карда шуд: Некрӯз Алимаҳмадов (Тоҷикистон), 16 – барои зарба задан ба рақиб, Биҷай Шрестха (Непал), 17.

11 апрел. Бишкек. Маҷмааи варзишии «Газпром-Арена».

АКС: ФФТ

Апрель 11, 2022 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд