Осорхонаҳои «Қалъаи Хуҷанд»-ро аз аввали сол қариб 7 ҳазор нафар тамошо кардаанд

Апрель 6, 2022 13:24

ДУШАНБЕ, 06.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз осорхонаҳои Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар семоҳаи аввал 6 ҳазору 800 нафар боздид намудаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Соли 2022 аз тамоми осорхонаҳои Суғд 239 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дидан намуда, барои 2060 нафар меҳмонон экскурсияҳои илмӣ гузаронида шуданд.

Барои ободу хуррамгардонии ҳудуди маҷмаа 20 ҳазор бех ниҳоли лола, 149 бех ниҳоли ороишию сояафкан шинонда шуда, дарахтони мевадиҳанда низ мавҷуданд. 

Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Осорхонаи таърихии вилоятии Суғд, Хона-музейи шоир Камоли Хуҷандӣ, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкоми ба номи академик  Н.Неъматов сохта шудаанд.

То имрӯз “Қалъаи Хуҷанд” дорои 13468 нигораи фарҳангию таърихӣ буда, онҳоро қариб 80 нафар нигоҳубин мекунанд.

 Аз соли 2018 инҷониб барои ҷалби сайёҳон дар ин ҷо шуъбаи рушди сайёҳӣ фаъолият мекунад.

 АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Апрель 6, 2022 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд