Пешниҳод гардид, ки ба Душанбе унвони «Шаҳри шуҷоати меҳнатӣ» дода шавад

Апрель 26, 2022 11:42

ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба шаҳрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод шудааст, ки мақоми «Шаҳри шуҷоати меҳнатӣ» дода шавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора ба қарибӣ раиси раёсати ҷамъияти таърихии Русия Константин Могилевский дар суҳбат бо агентии Sputnik изҳори назар намуд.

Ба гуфтаи Могилевский, ҳанӯз соли 2020 Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ ин тавсияро қабул карда буд — пешниҳоди додани мақоми махсус ба шаҳрҳое, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ нақш доштанд, ба Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ворид гардид.

Ба Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки ба Душанбе барои саҳми калон дар пирӯзӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ унвони «Шаҳри шуҷоати меҳнатӣ» дода шавад.

«Шаҳрҳое, ки дар Ғалаба бо шарофати он ки дар он ҷо истеҳсолот ҷойгир шуда, ақибгоҳи воқеии артиши ҷанговар ба вуҷуд омадааст, саҳми бузург гузоштаанд, барои ин мақоми фахрӣ ҳақ доранд. Дар Русия ин унвони фахрӣ бо фармони президент дода мешавад ва ба назари ман, аллакай 50 шаҳр ин унвонро гирифтаанд. Инҳо ҳам шаҳрҳои хурду ҳам калон, марказҳои вилоятӣ мебошанд»,-гуфт таърихшинос.

Мақоми «Шаҳри шуҷоати меҳнатӣ» ба одамон кумак мерасонад, то ки дар бораи аҳамияти ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бештар маълумот гиранд, чунин мешуморад Константин Могилевский.

«Албатта, боиси таассуф ва эҳсоси беадолатист, барои он ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ин тахлияи калон, бесобиқа ва дарвоқеъ дар тӯли чанд моҳи соли 1941 ташкилшуда буд, ки боиси аз қисми ғарбии мамлакат ба шарқ кӯчонидани корхонаҳо гардид: ба Поволже, ба Урал, Сибир ва, албатта, ба кишварҳои Осиёи Миёна», — таъкид намуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 дар Русия қонуни федералӣ «Дар бораи унвони фахрии Федератсияи Русия «Шаҳри шуҷоати меҳнатӣ» эътибор пайдо кард. Ба он Борович, Екатеринбург, Қазон, Иванов, Ижевск, Иркутск, Магнитогорск, Нижний Новгород, Нижний Тагил, Новокузнетск, Новосибирск, Омск, Перм, Самара, Саратов, Томск, Уляновск, Уфа, Челябинск ва Ярославл дохил шуданд.

29 июни соли 2020 Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ қарор «Дар бораи додани номи фахрии «Шаҳри шуҷоати меҳнатӣ» қабул намуд. Тибқи ҳуҷҷат ба нуқтаҳои аҳолинишине, ки сокинони онҳо барои ба даст овардани Ғалабаи бузург дар Ҷанги дуюми ҷаҳон саҳми беандоза гузоштаанд, номи фахрӣ — «Шаҳри шуҷоати меҳнатӣ» дода мешавад.

«Набояд дар бораи корнамоӣ ва кумакҳо»-и шаҳрҳо ва кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ашқобод, Тошкант, Алмаато, Бишкек, Душанбе, Боку ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин фаромӯш кард, метавон ба онҳо унвони «Шаҳри шуҷоати меҳнатӣ»-ро дод»,- омадааст дар ҳуҷҷат.

Бояд гуфт, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар таъсиси қисмҳои нави низомӣ, ки ба фронт фиристода мешуданд, фаъолона ширкат дошт. Аз кишвар 300 ҳазор нафар сокинон даъват шуданд, ки дар ҳамаи муҳорибаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ иштирок доштанд. Зиёда аз 90 ҳазор нафар ҷанговарон ва командирони Армияи Сурх, ки ин 34,5 фоизи шумораи умумии даъватшудагонро ташкил медиҳад, дар ҷанг иштирок намуда буданд.

Дар ҷумҳурӣ госпиталҳои тахлиявӣ кушода шуданд, ки дар онҳо аскарҳои дар ҷанг захмишуда ҷойгир карда мешуданд. То соли 1942 дар ҳудуди кишвар 29 госпитали тахлиявӣ ҷойгир карда шуда буд, ки то ибтидои соли 1944 фаъолият мекарданд. Тоҷикон барои ҷанговарон ба фронт либосҳои гарм мефиристоданд, барои сохтани танку самолётҳо барои фронт пул ҷамъ меоварданд. Барои нигоҳ доштани рӯҳияи сарбозон аз Тоҷикистон дастаҳои консертӣ фиристода мешуданд.

Дар солҳои 1941—1945 ҶШС Тоҷикистон ба фронт зиёда аз 1 миллиард сум, 40 ҳазор пуд ғалла (1015 тонна), 213 тонна гӯшт, 2014 тонна картошкаю сабзавот, 458 тонна мева, зиёда аз 150 вагон озуқаворӣ, 532 ҳазор бастаи либоси гарм, 123 ҳазору 80 дона пӯсти гусфанд, 25 ҳазор метр матоъ ва 993 ҳазору 400 килограмм пашм фиристодааст.

Дар баробари ин корхонаҳои саноатии Тоҷикистон барои фронт либосҳои ҳарбӣ, патрон, парашут ва ғайра истеҳсол мекарданд.

Дар солҳои ҷанг Тоҷикистон барои одамони зиёде хонаи дуюм гардида буд. Ба кишвар сокинони муҳосирашудаи Ленинград, Москва, Киев, Минск ва дигар шаҳрҳову деҳаҳои ғарбии вилоятҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тахлия карда шуданд. Дар инҷо қариб 100 000 нафар, аз онҳо қариб 10 000 нафараш кӯдакон маскан гирифтанд.

Дар ҶШС Тоҷикистон 102 ҳазор нафар одамон бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945» мукофотонида шуданд. Қариб ҳазор нафар қаҳрамонони ҷабҳаи ватанӣ мукофотҳои олии ҳукуматӣ гирифтанд. 54 нафар сокинони Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 нафар бо Ордени Шӯҳрати ҳарсе дараҷа сарфароз гардонида шуд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 26, 2022 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун доир мешавад
«БИХАНДАД ЛОЛА БАР САҲРО…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад