Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара майдони «Парчами давлатӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 17.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара дар вазъияти тантанавӣ майдони “Парчами давлатӣ”-ро ифтитоҳ намуданд.
Майдони Парчами давлатӣ дар рӯ ба рӯи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар масоҳати 0,65 гектар бунёд гардида, парчам дар баланди 50 метр парафшон карда шуд.
Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва нишони миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ин арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ буда, дар ниҳоди хурду бузург ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро зиёд мегардонад. Илова бар ин, бо бунёди майдони Парчами давлатӣ барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Дар ду тарафи пояи Парчами давлатӣ фаввораҳо бунёд гардида, дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш карда шудааст.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат барои сокинони шаҳр корҳои сабзу хуррамгардонӣ, чароғонкунӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ дар ҳудуди майдони Парчами давлатӣ бо сифати баланд ба иҷро расонида шудааст.
Дар доираи лоиҳа намои берунии бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таъмир карда шуд. Шабона ин мавзеъ зебову назаррабо гардида, ба макони сайру гашти сокинон табдил ёфтааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳри Исфара бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардида, бо бунёди иншооти таъиноти гуногун ба симои шаҳр ҳусни дигар зам карда шуд. Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Исфара бештар аз 500 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид






