Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент меҳмонхонаи «Панҷакент плаза»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент меҳмонхонаи “Панҷакент плаза”-ро ба истифода доданд.
Меҳмонхонаи замонавии “Панҷакент плаза” дар асоси нақшаи генералии шаҳри Панҷакент аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Далер Ҳамроқулов бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати баланди меъмории миллӣ ва унсурҳои шаҳрсозии замони имрӯза сохта шудааст.
Баъди ба истифода додани меҳмонхонаи “Панҷакент-плаза” 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори домӣ таъмин карда шуданд.
Мувофиқи лоиҳа, бинои меҳмонхонаи навбунёд аз тахҳона ва 6 ошёна иборат буда, 37 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ дорад. Дар меҳмонхонаи навбунёд дар як вақт ба 70 мизоҷ хизмат расонда мешавад. Ин омил ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба шаҳри қадимии Панҷакент, махсусан Саразми бостонӣ, ки 5500 сол таърих дорад, мусоидат хоҳад кард.
Дар ошёнаи якуми меҳмонхона тарабхона бо 80 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад, ки дар он барои меҳмонон хӯрокҳои болаззати миллӣ ва аврупоӣ омода ва пешниҳод мегарданд.
Дар меҳмонхона хизматрасонӣ ба мизоҷон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ мутобиқ ба сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад. Барои буду бош ва истироҳати меҳмонон ҳаммом, ошхонаи алоҳида, ҳуҷраҳои фароғатӣ ва ғайра мавҷуданд, ки ин аз бартарияти меҳмонхона ба шумор меравад.
Масоҳати умумии бинои меҳмонхонаи замонавии “Панҷакент-плаза” 350 метри мураббаъро дар бар гирифта, ба симои шаҳри Панҷакент зебоӣ зам кардааст. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо лавозимоти зарурии рахти хоб, ҷевон, телевизорҳои замонавӣ ва ғайра таъмин гардида, ба стандарти хизматрасонии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Бунёди меҳмонхонаи нав бо шароити созгори қабули мизоҷон дар шаҳри Панҷакент, ки дорои имконияти фарохи сайёҳӣ мебошад, дар оянда барои ҷалби ҷаҳонгардон ба ин шаҳри қадимӣ замина мегузорад.
Зимни шиносоӣ бо шароити бино Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои арзанда доданд.
Пас аз мавриди истифода қарор додани меҳмонхонаи “Панҷакент плаза” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулли шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва Деваштичи вилояти Суғд, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, туҳфаҳои молӣ ва пулӣ тақдим карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони нави давлатҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик
Дар ноҳияи Рашт кӯпруки мошингард ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 1400 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп мулоқот намуданд
Бахшида ба 31-солагии Конститутсия дар Ёвон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд






