Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, молия, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, агентиҳои хоҷагии ҷангал, беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Ҳамин тариқ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Икром Субҳон аз вазифаи директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло Назар — муовини вазири маориф ва илм, Усмонзода Аюб Ислом — ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», Қурбониён Сарвар Собир — муовини вазири молия ва Абдураҳмонзода Нигина Шуҳрат директори Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти босамари вазорати маориф ва илм дар самти баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи мутахассисони ҷавон, бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати норасоии кадрҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дастуру супоришҳои мушахас доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои навтаъйиншуда таъкид карданд, ки бо дасту дилу нияти пок ба Ватан ва миллат хизмат намоянд, дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд ва вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, содиқона ва поквиҷдонона иҷро намоянд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






