Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»-ро ифтитоҳ намуданд

Апрель 14, 2022 14:30

ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-ро, ки аз рӯи лоиҳаи зебою замонавӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Дар иншооти нави варзишӣ, ки дар кӯчаи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Суғд сохта шудааст, 10 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷой кори доимӣ шуданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” беш аз 60 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ ҷалб гардида, ҳамаи корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.

Масоҳати иншоот 960 метри мураббаъ буда, толори варзишӣ дорои 300 ҷойи нишаст мебошад.

Барои истифодаи варзишгарон дар Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” ба ғайр аз толорҳои машқу тамрин ҳуҷраҳои корӣ, хонаи шустушӯ ва либоспӯшии мардонаю занона сохта шудаанд.

Бунёди қасри варзиш бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби машқу тамрин, эҳёву рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштин, гӯштини миллӣ, камарбандӣ, дзюдо, гӯштини самбо ва намудҳои дигари варзиши миллӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи дигари бунёди иншоот оммавияти варзишу тарбияи ҷисмонӣ, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба обу тоби бадан мебошад.

Лоиҳаи иншооти варзишӣ бо дарназардошти унсурҳои меъморию ороишии хоси замони муосир ва фароҳам овардани шароити меъёрии машғул шудани наврасону ҷавонон ба машқу тамрин, баргузории чорабинию мусобиқаҳои варзишӣ таҳия гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, машғул шудан ба варзишу тарбияи ҷисмониро омили муҳими таъмини солимии ҳар нафар, омода шудан ба мусобиқаҳои варзишӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани давлату миллатро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуданд.

Ифтитоҳи Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” дар шаҳри Панҷакент 14.04.2022

Апрель 14, 2022 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад