Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент бинои таваллудхонаро ифтитоҳ карданд

Апрель 14, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи “50-солагии Тоҷикистон”-и шаҳри Панҷакент бинои Муассисаи давлатии “Таваллудхонаи шаҳр”-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои таваллудхонаи шаҳрӣ барои 80 кат пешбинӣ гардида, шароити хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.

Иншооти нави тандурустӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо сифати баланд сохта шудааст.

Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои шароиту имконияти нави хизматрасонӣ ба модару кӯдак мебошад. Дар таҳхонаи иншооти навбунёд ҳуҷраҳои бойгонӣ, анбори нигоҳдории маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, толори маҷлис ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир мебошанд. Мувофиқи лоиҳа, бинои таваллудхонаи шаҳрӣ аз 6 шуъба иборат буда, табибон бо истифода аз таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ ба занон ва тифлони навзод хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.

Дар ошёнаи якум шуъбаи қабул, шуъбаи эҳёи калонсолон ва кӯдакон, амалиётхона, хатна ва як ҳуҷраи зоишгоҳи фаврӣ, дар ошёнаи 2-юм 10 ҳуҷраи зоишгоҳ, эҳёи калонсолон ва дар ошёнаи 3-юм ҳуҷраи баъди таваллуд ҷойгир аст.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои таваллудхонаи шаҳрӣ аз моҳи июни соли 2017 аз ҷониби Идораи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент оғоз гардида, иншооти мазкур дар зарфи 5 сол ҷавобгӯ ба талаботи замони ҳозира сохта, ба истифода дода шуд. Барои иҷрои сифатноки корҳои сохтмонӣ мутахассисон ва бинокорони маҳаллӣ ҷалб шуда, бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо ба истифода додани бинои замонавии таваллудхонаи шаҳрӣ сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак беҳтар гардида, барои 120 нафар корманди соҳа, аз ҷумла 37 нафар табиб, 57 нафар корманди миёнаи тиб ва 27 нафар корманди хурди тиб ҷойи кори нав ташкил шуд.

Дар маҷмӯъ, дар таваллудхона барои муоина ва табобати саривақтии модару кӯдак зиёда аз 40 дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ мавҷуд аст, ки акнун дар чунин шароит табибон занон ва кӯдаконро ба табобат фаро мегиранд. Дар таваллудхона барои аз ташхис гузаронидани модару кӯдак таҳлилгоҳ, ҳуҷраи ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил, омӯзиши модарон ва ҳуҷраи кории табибон мавҷуданд, ки бо дастгоҳҳои нави тиббӣ таъмин гардидаанд. Бинои мазкур ба шабакаи махсуси гармидиҳӣ пайваст буда, дар фасли зимистон гармии ҳуҷраҳо аз ҳамин ҳисоб таъмин мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити арзандаи ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ки дар таваллудхона муҳайё шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Сарвари давлат ба истифода додани бинои нави таваллудхонаи шаҳриро дастгирии давлат баҳри ҳифзи солимии миллат, бахусус модарону кӯдакон муҳим арзёбӣ карда, табибонро ба хизмати софдилона ва баланди тиббӣ ба аҳолӣ ҳидоят намуданд.

Айни замон дар ҳудуди шаҳри Панҷакент 13 шуъбаи таваллудхона дар назди беморхонаҳои минтақавии деҳот мавҷуд аст, ки дар онҳо ба сокинон хизмати сифатноки тиббӣ расонда мешавад.
Ифтитоҳи бинои таваллудхона дар шаҳри Панҷакент 14.04.2022

Апрель 14, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт кӯпруки мошингард ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 1400 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп мулоқот намуданд
Бахшида ба 31-солагии Конститутсия дар Ёвон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба истифода дода шуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок намуданд