Прокурори генералии Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар СММ мулоқот кард

Апрель 23, 2022 11:34

ДУШАНБЕ, 23.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Созмони Милали Муттаҳид Олаф Скуг мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар медиҳад.

Зимни мулоқот тамоюл ва ҷанбаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин  татбиқи Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баррасӣ гардид.

Инчунин ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби барномаи СММ ва Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Таҳкими тобоварӣ ба ифротгароии хушунатомез дар Осиё» иброз намуданд.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ

Апрель 23, 2022 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд