Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Маркази савдо ва хизматрасонии «Убайдулло»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент Маркази савдо ва хизматрасонии «Убайдулло»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур аз 9 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои болоии он манзилҳои як, ду ва сеҳуҷрагӣ ҷойгир карда шудаанд. Қабати якуми иншоот коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши либоси мактабӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Маркази савдо ва хизматрасонии “Убайдулло” бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Асадулло Муродиллоев бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Дар маҷмӯъ, бо мавриди истифода қарор гирифтани Маркази савдо ва хизматрасонии “Убайдулло” дар шаҳри Панҷакент беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, дар рафти бунёди ин бино 60 нафар сокини маҳаллӣ ва меъморон бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад, 60 чевари маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Модарону хоҳарони ҳунарманд, ки то ин дам фаъолиятро дар хонаҳояшон идома медоданд, аз таъсис ёфтани коргоҳи дӯзандагӣ бо шароити хуби корӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ба роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии доимии занон миннатдорӣ баён карданд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ истеҳсоли сару либоси мактабӣ ба роҳ монда шуда, он имкон дорад, ки миқдори муайяни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакентро бо сару либоси мактабӣ таъмин намояд. Ҳамчунин коргоҳ барои мардону занон ва кӯдакон либосҳои зебову шинам истеҳсол менамояд, ки аз лиҳози сифат рақобатпазиранд.
Дар ошёнаи якуми иншооти тозабунёд мағозаҳои фурӯши либоси мактабӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, маҳсулоти истеҳсолшудаи коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳамин мағоза ба фурӯш бароварда мешаванд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






