Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО-и Норак шинос шуд

Апрель 30, 2022 20:40

ДУШАНБЕ, 30.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таъмини истиқлоли  энергетикӣ яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин самт якчанд лоиҳаҳо татбиқ карда шуда, корҳои сохтмону барқарорсозии инфрасохтори соҳа ҷараён дорад. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО-и «Норак» шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Корҳои таҷдид ва барқарорсозии НБО-и Норак соли 2019 шурӯъ шуда, фарогири ду марҳила мебошанд.

То имрӯз дар гидроагрегати №1 таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасон васл гардида, дарбанди куравӣ пас аз таъмир аз майдони кушодаи васлӣ ба ҷои васли доимӣ интиқол дода шудааст.

Айни замон корҳои қиррезӣ дар ҷойи гирифтани об барои системаи оби техникӣ, васли сарпӯши генератор ва рефленкаи креставинаи болоӣ, омадагӣ барои васли ғалтаки статор бо тахтасим, васли платформаи металлӣ,  васлаки элегазӣ ва дигар корҳои сохтмону барқарорсозӣ бо суръат ҷараён доранд.

Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО-и Норак аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқ карда мешавад.

Таъкид бояд кард, ки ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншоот зери таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани таҷдид ба барқарорсозии НБО-и «Норак» ба рушди соҳаи энергетикаи мамлакат замина мегузорад.

Вобаста ба ин зимни шиносоӣ бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО-и «Норак» Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулонро барои бо сифат ба анҷом расонидани корҳои сохтмону барқарорсозӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ва ҷоннок намудани фаъолият вазифадор намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 30, 2022 20:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад