Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд

Сентябрь 20, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар Тоҷикистон дар 182 ҳазору 252 гектар кишти гандум гузаронида шуд, ки то 11 сентябр 182 ҳазору 095 гектари он даравида шуд. Ҳосили умумӣ 614 ҳазору 254 тоннаро ташкил дода, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар то 46-сентнерӣ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, гандум яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин рӯ гандум маҳсулоте аст, ки онро метавон бештар захира намуд. Дар таркиби дони гандум ба миқдори зиёд сафеда, ангиштоб, равған, намакҳои минералӣ, витамину ферментҳо ва ғайраҳо мавҷуд ҳастанд.

Ба тавсияи мутахассисон, зиёд гардидани ҳосили гандум аз  кишти саривақтӣ ва истифодаи технологияи парвариши он вобаста мебошад. Барои рӯёнидани ҳосили баланди ғалладонагӣ истифода ва риоя кардани қоидаҳои кишоварзӣ (агротехникӣ) аҳамияти калон дорад.

Дони гандум серғизо ва серкаллория буда, захираи он то ду сол нигоҳ дошта мешавад. Дар таркиби дони гандум ба миқдори зиёд сафеда, ангиштоб, равған, намакҳои минералӣ, витамину ферментҳо ва ғайраҳо мавҷуд мебошанд.

Муҳлати кишти гандуми тирамоҳӣ дар вилояти Суғд аз 20 сентябр то 20 октябр аст. Дар водии Вахш кишти тирамоҳии гандум аз нимаи моҳи август то моҳи ноябр фаро мерасад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ва вилояти Хатлон (Кӯлоб ва Данғара) гандуми тирамоҳӣ аз 20 октябр то 10 ноябр кишт карда мешавад. Меъёри кишти тухмиро вобаста ба шароити иқлим, хок, хусусияти навъҳои гандум ва захираи намӣ муқаррар менамоянд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 20, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд