Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти «20 солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Вахш беш аз 300 гектар токзор мавҷуд буда, 370 хоҷагии деҳқонӣ ба парвариши ангур машғул мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кишоварзии ноҳияи Вахш иттилоъ доданд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Бобозода» 1,5 гектар токзор мавҷуд аст. Дар ин хоҷагӣ беш аз 2,5 ҳазор ниҳоли ангур парвариш карда мешавад. Ба ҳисоби миёна аз ин майдон дар як мавсим аз 15 то 25 тонна ангур ҷамъоварӣ карда мешавад. Дар ин хоҷагӣ навъҳои маҳаллӣ, ба монанди тоифӣ, дили кафтар, ҳафизӣ ва ҳусайнӣ парвариш карда мешаванд. Ин навъҳо ба иқлими ноҳияи Вахш хеле мувофиқ буда, таъми ширин ва обдориашон зиёд аст. Қанднокии онҳо муътадил буда, вобаста ба навъ аз моҳи июл то моҳи октябр ҷамъоварӣ карда шуда, ҳамзамон дар сардхонаҳо ба муддати тӯлонӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Роҳбари хоҷагӣ Абдухолиқ Бобоев изҳор дошт, ки бештари ниҳолҳои ангур беш аз 40-сола мебошанд. Барои дарозумрӣ ва ҳосили фаровон нигоҳубини дуруст, аз ҷумла тарзи дурусти буриш, бастани навдаҳо ва хомток кардан муҳим аст. Дар натиҷа як ниҳол то 50-60 сол умр дида, ҳосили хуб медиҳад. Ангур вобаста ба шароити парвариш дар як мавсим аз 4 то 6 маротиба обёрӣ карда мешавад. Аз ҳад зиёд об додан боиси кафидани мева мегардад. Вақти ниҳолшинонӣ — баҳор ва тирамоҳ ва вақти пайвандкунӣ фасли баҳор мебошад.
Афзоиши майдони токзор ва шумораи хоҷагиҳо нишон медиҳад, ки токпарварӣ дар ноҳияи Вахш рушд ёфта, барои сокинон манбаи муҳими даромад гардидааст. Хусусияти асосии навъҳои маҳаллӣ — гармидӯстӣ, ширинӣ ва имкони нигоҳдории тӯлонӣ буда, имкон медиҳад маҳсулот на танҳо дар дохили ноҳия, балки берун аз он низ ба фурӯш бароварда шавад. Токпарварон мақсад доранд, ки дар оянда парвариши навъҳои гуногуни ангурро ба роҳ монда, инчунин тавассути пайвандкунӣ навъҳои маҳаллиро низ нигоҳ доранд.
Рушди токпарварӣ дар ноҳияи Вахш бори дигар собит мекунад, ки бо истифодаи дурусти замин, риояи агротехника ва тавсияҳои илмӣ имкони гирифтани ҳосили баланди ангур мавҷуд аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






