Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад

Сентябрь 19, 2026 15:46

ДУШАНБЕ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархор корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Фархор» фаъолият мекунад,  ки иқтидори корхона барои коркарди солонаи то 12 ҳазор тонна ашёи хоми пахта пешбинӣ гардидааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.

То имрӯз ба корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Фархор» беш аз 2 ҳазор тонна пахта ворид гардида, аз ин миқдор тақрибан 1000 тоннаи он коркард карда шудааст.

Дар ноҳияи Фархор ҳамагӣ 4600 хоҷагии пахтакор фаъолият дошта, дар 2230 хоҷагӣ ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардидааст. То имрӯз дар ноҳия 2988 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Масоҳати умумии кишти пахта дар ноҳияи Фархор 9700 гектарро ташкил дода, тибқи нақша истеҳсоли 20 ҳазору 720 тонна пахта пешбинӣ шудааст.

Кишоварзони ноҳияи Восеъ соли равон дар беш аз 6600 гектар пунбадона кишт намуданд. Тибқи нақша, дар ноҳия ҷамъоварии 15 ҳазору 300 тонна пахта пешбинӣ шудааст. То имрӯз 864 тонна пахта ҷамъоварӣ ва ба нуқтаҳои қабули ашёи хоми саноатӣ ворид гардидааст. Яке аз таҷрибаҳои кишоварзони ноҳияи Восеъ кишти чигит дар зери плёнка мебошад. Имсол бори дуюм аст, ки дар ноҳия чунин усули парвариш истифода мешавад. Кишоварзон дар 406 гектар чигити зери плёнка кишт намудаанд. Тибқи мушоҳидаҳои мутахассисон, ҳосилнокии пахта дар чунин майдонҳо метавонад то  ба 60сентнер аз ҳар гектар расад.

Пахта ҳамчун яке аз маҳсулоти муҳими кишоварзӣ дар рушди иқтисодиёти минтақа нақши муҳим дошта, ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи он барои иҷрои дурнамои истеҳсолӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ аҳамияти калон дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 19, 2026 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид