«ШАҲРИ ГУЛРЕЗ». Душанберо ба макони сарсабзу хуррам ва гулафшон табдил медиҳем
ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали мавсим дар ҳудуди шаҳри Душанбе 291 ҳазору 750 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан, мевадиҳандаю буттагӣ ва дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт зиёда аз 10 млн 018 ҳазору 983 дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шудаанд, ки аз ин шумора 4 млн 538 ҳазору 041 дона гулҳои мавсимӣ ва 5 млн 480 ҳазору 942 донааш гули лола мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» шаҳри Душанбе бо истифода аз имконияти мавҷуда рушд намуда, раванди корҳои ободонӣ, созандагӣ ва сабзазоркунӣ сабаби саросар сабзу шукуфон ва гулафшон гардидани пойтахт хоҳад гашт.
Бо мақсади ободу зебо намудани қитъаҳои алоҳидаи ноҳияҳои пойтахт ва мутобиқ ба талаботи агротехникӣ шинонидани дарахту бутта ва гулу сабзазор дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе» шинонидани 263 ҳазору 644 бех ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба корҳои ободонию ниҳолшинонӣ ва ба «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахт дар ин давра дар ҳудуди шаҳри Душанбе 3 млн 469 ҳазору 053 дона қаламчаи гули садбарг дар минтақаҳои муайяншуда шинонида шуд.
Бо мақсади таъмини кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳо бо гулҳои тару тозаи ороишӣ бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии «Сабзкорӣ»-и пойтахт бо ҷалби мутахассисон ва дар доираи талаботи агротехникӣ усули муосири гулпарварӣ ба роҳ монда шуд. Корхона аз 3 қитъа ва беш аз 153 гектар иборат мебошад. Инчунин 1 гармхонаи замонавӣ дар масоҳати 2000 метри мураббаъ, 4 гармхонаи калон бо масоҳати 5040 метри мураббаъ ва 13 гармхонаи хурд бо масоҳати 2340 метри мураббаъ фаъолият менамоянд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид






