«ШАҲРИ ИШҚАМ, ШАҲРИ БАХТАМ, ШАҲРИ АРМОНАМ, ДУШАНБЕ!». Меҳрномаи шоирон дар васфи пойтахти Тоҷикистон

Апрель 16, 2022 10:13

ДУШАНБЕ, 16.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад. Душанбе маркази илму фарҳанг, шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шавкат ва маркази умеду армон аст.

Имрӯз Душанбе бо мардуми меҳмоннавозу бофарҳанг ва дорои маданияти баландаш дили ҳазорон сайёҳони дохиливу хоричиро тасхир намудааст. Зеро бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои зеботару дилпазиртар намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр дар фасли баҳорон ниҳолу дарахтони ороишӣ, гулҳои рангоранг шинонида шуда, рӯз аз рӯз биноҳои сарбаафлок қомат меафрозанд.

Душанберо шоирону адибони машҳури тоҷик дар эҷодиёти худ ба таври фарох васфу ситоиш намудаанд, ки чанде аз онҳоро пешниҳоди хонандагони сомона мегардонем.

Дилам хоҳад барои ёдгорӣ
Нависам дар тани деворҳоят
Ду-се байте чу арзи меҳру савганд
Барои ту, барои наслҳоят.

Ду-се байте, ки ҷӯшад аз дили пок
Сазовори шабони равшани ту.
Ду-се байте, ки монанди шакарнам
Бирезад рӯи боғу гулшани ту.

Туро бетахту маснад офариданд,
Ки бошӣ пойтахти Тоҷикистон.
Агарчанде замоне дошт тоҷик
Ба номе пойтахти илму ирфон.

Туро аз орзуҳо офариданд,
Туро уммедҳо таъмир карданд.
Туро аз кулба то қаср овариданд,
Туро пардоз аз тадбир карданд.

Туро ҳамдастию ҳамкорӣ афрохт.
Туро ҳам дӯстӣ аз меҳр орост.
Чароғистон шудӣ аз меҳри дилҳо,
Ки оғӯшат кунун маъвои дилҳост.

Туро дар рӯзи ид озин бубастанд
Ба парчамҳои сурхи инқилобӣ,
Ки то аз ранги парчамҳои аҳмар
Ту ранги рӯзгори худ биёбӣ.

Туро Айнӣ сутуни ҷовидон шуд,
Туро дохундаҳо бунёд карданд.
Ҳасан ҳамроҳи Турсунзода Мирзо
Зи хишту аз сухан обод карданд.

Туро тасхир кард овози Туҳфа,
Туро ашъори Лоҳутӣ сафо дод,
Ба ҳар тӯят, ки Боқӣ буд соқӣ,
Ба дасти ошиқон ҷоми вафо дод.

Кунун дар ҷашну сурат даф навозанд,
Ба базму ҷашнҳоят шеър хонанд.
Зи балкон духтарони рӯкушодат
Чу маҷнунбедҳо кокул фишонанд.

Кунун бо мавҷгири1 бомҳоят
Ҳама олам сари гуфтор доранд.
Кунун фарзандҳои дӯстхоҳат
Ба олам сад ҳазорон ёр доранд.

Чи фирӯзахтару толеъбаландӣ,
Ки дорӣ хушдилону хушгилон ҳам.
Чӣ соҳибдавлату хушрӯзгорӣ,
Ки соҳиб дориву соҳибдилон ҳам…

Лоиқ Шералӣ

***

Аз кӯҳи баланд аст равон оби Душанбе,
Тар карда лаби ташналабон оби Душанбе.
Ҳарчанд ки ҷорист ба сад асру замонҳо,
Бо ёди Ватан монда ҷавон оби Душанбе.

То дашти калон сарсари санг аст равона,
Аз мағзи дара «маҳмил»-и танг аст равона.
Ҳар қатраи худ то ба ҳама ҳалқ расонад,
Бе монеаҳо толиби ҷанг аст равона.

Дар соҳили он манзили ман ҷой гирифтаст,
Як боғу чаманзор саропой гирифтаст.
Бо оби Душанбе шуда ҳамсояи наздик,
Ҷо аз ҷигари мамлакати бой гирифтаст.

Мирзо Турсунзода

***

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.
Шудам сарсабз дар оғӯши меҳрат,
Чу дил дар синаам ҷойӣ, Душанбе.

Ба гирдат ҳалқа баста кӯҳсорон,
Туро гардида ҳомию нигаҳбон.
Ҳамеша то ки бошӣ сабзу хуррам,
Зи дил ҷорӣ намуда чашмасорон.

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Бароҳат дар канорат менишинам,
Зи чойи «Роҳат»-ат роҳат бубинам,
Зи рангу рӯйи дилбарҳои шӯхат
Гаҳе садбаргу гоҳе лола чинам.

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Саҳаргоҳон, ки хуршеди мунаввар
Зи рӯйи Боми дунё мекашад сар.
Чунон ки бар сари зебо арӯсе,
Бипошад бар сари ту зевару зар.

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Ба шаб рӯйи фазоят мисли шир аст,
Ба рӯят қурси маҳ гӯё фатир аст.
Ғазалхон Боқии дилдода гӯяд:
Шабу рӯзат мусаффо, беназир аст.

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Боқӣ Раҳимзода

***

Шаҳри ишқам, шаҳри бахтам, шаҳри армонам, Душанбе!
Бо ту будам, бо ту ҳастам, бо ту мемонам, Душанбе!

Дар нумӯи ту нумӯям, обрӯят обрӯям,
Шаъну шонат шаъну шонам, ҷони ту ҷонам, Душанбе!

Дар лабонам чун дуоӣ, дар нигоҳам чун зиёӣ,
Муттакои ҳастии ман, қасри имонам, Душанбе!

***

Душанбе, ин гулафшонат муборак!
Биҳишти сабзи домонат муборак!

Ҳама нахлу гули дунё ватан ёфт
Дар ин марзи пурэҳсонат, муборак!

Зи чашми тифлаконат нур борад,
Чароғони фурӯзонат муборак!

Дар ин дунёи ноорому беамн
Чунин амни фаровонат муборак!

Ба хокат дона резад, ишқ рӯяд,
Сиришти ишқафшонат муборак!

Чу дидам, тахти Рустам нест холӣ,
Фари нав дар Самангонат муборак!

Ҷавонӣ бар сари тахти ту  омад,
Фурӯғи нур бар ҷонат муборак!

Ба гардун сар кашида тахту тоҷат,
Ливои бахти тобонат муборак!

Камол Насрулло

Акс: бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 16, 2022 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Тақвими ягонаи чорабиниҳои Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе таҳия гардид
Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии имконоти соҳа нақши назаррас гузоштанд
Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Душанбе иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум оғоз гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз ёфтанд
Дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе лоиҳаи буҷети пойтахт барои соли 2025 баррасӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд
Ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Узбекистон барои омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозӣ ба Душанбе омад
Иҷлосияи бисту якуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур дар рӯзҳои сарди зимистон шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид