Скрипканавози турк Ҷиҳат Ашкин дар Тоҷикистон барномаи ҳунарӣ баргузор мекунад

Апрель 27, 2022 09:30

ДУШАНБЕ, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 май дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  беҳтарин скрипканавози сатҳи ҷаҳонӣ аз Ҷумҳурии Туркия Ҷиҳат Ашкин барномаи ҳунарии хешро баргузор мекунад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.

Ҷиҳат Ашкин соли 1968 дар Истанбул ба дунё омадааст. Ӯ дар 11-солагӣ ба Консерваторияи давлатии мусиқии туркӣ дохил шуда, омӯзиши скрипкаро ба  номбурда профессор Айҳан Туран омӯхтааст. Ҳунарманд аввалин барномаи хешро дар 16-солагӣ баргузор намудааст.

Ҷиҳат Ашкин намояндаи пешбари Мактаби скрипкаи Туркия ба шумор меравад. Вай дар чор қитъа ҳамчун скрипканавози мумтоз барномаҳои  ҳунарӣ ва дарсҳои маҳорат доир намуда, инчунин дар озмунҳои байналмилалии скрипканавозӣ ба ҳайси ҳакам иштирок намудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 27, 2022 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид