ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 апрел, чоршанбе, 117- умин рӯзи соли 2022 аст

Апрель 27, 2022 08:00

27 апрели соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш Истироҳатгоҳи замонавии «Пули Сангин»-ро ифтитоҳ карданд.

***

6 сол пеш, 27 апрели соли 2016 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии Норак ташриф оварда, муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ – дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири вақти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар гузориш дод.

27 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар ИМА — рӯзи ниҳолшинонӣ.

РӮЙДОДҲО:

27 апрели соли 1930 дар Душанбе аввалин театр-студияи мусиқавӣ таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд.

***

6 сол пеш, 27 апрели соли 2015 дар Душанбе аввалин ҷаласаи Иттифоқи собиқадорон-интернатсионалистони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар Душанбе ҷаласаи 12-уми якҷояи гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия баргузор гардид.

***

27 апрели соли 1933 Китобхонаи илмии марказии пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС – ҳоло Китобхонаи илмии марказии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ кушода шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1908 Бозиҳои IV олимпӣ дар шаҳри Лондони Британияи Кабир оғоз гардида, як моҳ идома ёфтанд.

***

Соли 1975  дар мусобиқаи мошинронии «Формула-1» бори аввал ва охир дар таърих холҳои санҷиширо зан соҳиб шуд.

Апрель 27, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад