ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Н. Махсум то кӯчаи А. Навоии Душанбе муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 15.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз, 15 апрел то 30 декабри соли равон бинобар оғоз шудани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Зарафшон аз хиёбони Н. Махсум то кӯчаи А. Навоӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 14 апрели соли 2022 ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Тибқи қарори мазкур, Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз иншооти таъмири асосии кӯчаи Зарафшон аз хиёбони Н. Махсум то кӯчаи А. Навоӣ мегузарад, тавасути кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар тағйироти дахлдор ворид намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






