ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои нави истихроҷ ва коркарди металли қиматбаҳо ба фаъолият пардохтанд

Апрель 18, 2022 12:17

ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, ҳафтаи гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи ширкати чинии «ТВЕА» Чжан Син бо пахши тугмаи рамзӣ ба тариқи онлайн ба фаъолияти коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе Майнинг” дар мавзеи Кумарғи Болои ноҳияи Айнӣ оғоз бахшиданд. Дар ин корхона истеҳсоли 4 тонна тилло ва 1 тонна нуқра дар як сол дар назар аст.

Консентрати маъдан аз конҳои “Кумарғи боло” ва “Дуобаи Шарқӣ” истихроҷ карда мешавад. Захираи умумии кони “Кумарғи Боло” 51 тонна ва “Дуобаи Шарқӣ” 23,7 тонна, дар умум 74,7 тонна тилло мебошад. Тибқи нақша, кони “Дуобаи Шарқӣ” моҳи июни соли 2023 ба истифода дода мешавад.

Ифтитоҳи корхонаи нав ба тавсеаи иқтидори иқтисодии ҳам минтақа ва ҳам тамоми Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 14 апрел Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ҳамчунин Корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд”-ро тибқи лоиҳаи муштараки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва Ҷамъияти саҳомии “Тибет Хуаюй” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки истеҳсоли солонаи тилло дар он 2,2 тонна ва сурма -21 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

«Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ». Намоиши нодире, ки чанде пеш дар толорҳои Осорхонаи миллии санъати Осиёии «Гиме»-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса барпо шуд, бесабаб чунин номгузорӣ нагардид. Дар намоишгоҳ 211 нигораи нодири Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки давраи аз ҳазораи 4 пеш аз мелод то асри 10 мелодиро дар бар мегиранд, ба намоиш гузошта шуданд. Дар намоиш аз ёдгориҳои маъруфи Тоҷикистон, аз қабили Саразм, димнаи Тахти Сангин, Панҷакенти бостонӣ, дайри буддоии Аҷина-теппа, Хулбук, Бунҷикат ва ғайра бозёфтҳои нодир гирд оварда шуда буданд. Ба ҷуз ин маснуоти бадеии боҳашамати  давраи эллинизм аз Хазинаи Амударё, ки дар он ганҷинаи машҳури Амударё иборат аз 170 осори тилло ва нуқра соли 1877 дар шаҳраки бостонии Тахти Сангин дар соҳили дарёи Амударё ёфт шуда буд, ба намоиш гузошта шуд, ки ин шаҳодати инкишофи баланди санъати заргарии тоҷикон мебошад.

«Тоҷикистон манбаи нодири маъданҳои фоиданок аст,- гуфт ба АМИТ «Ховар» доктори илмҳои ҷуғрофӣ, профессор Холназар Муҳаббатов,- Андешае мавҷуд аст, ки дар зери замини Тоҷикистон қариб тамоми унсурҳои ҷадвали Менделеев ҷойгиранд. То имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 400 кони маъдан ва ғайримаъдани фоиданок  муайян, кашф ва барои коркард омода карда шудаанд. Тоҷикистон ба кишварҳое мансуб аст, ки дорои захираи зиёди металлҳои қиматбаҳоянд”.

Ба гуфтаи олим, сарватҳои табиии Тоҷикистон хеле гуногунанд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ бисёр конҳои металлҳои нимкимиёӣ ва нодир: руҳ, сурб, висмут, молибден, волфрам, мис, тилло, нуқра, сурма, симоб, шпати фтор, қалъагӣ, уран, оҳан, марганетс, намаки ошӣ, магний ва дигар захираҳои маъданӣ кашф карда шудаанд, ки дорои иқтидори содиротӣ мебошанд. Дар кишвари мо тақрибан 40 кони фаъол ва ояндадори тилло мавҷуд аст, аммо танҳо дар 14-тои он коркард сурат мегирад. Захираи онҳо зиёда аз 200 тонна металли қиматбаҳоро ташкил медиҳад. Агар аз рӯи категорияҳо ҳисоб кунем, пас ин рақам ба 400 тонна мерасад. Дар ин бора се сол пеш муовини аввали Сардори Саридораи геологияи тоҷик Раҳмонбек Бахтдавлатов изҳори назар намуда буд.

Корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Чин “Зарафшон” аз бузургтарин корхонаҳои истихроҷи тилло дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Корхонаи дигари муштарак бо номи «Апрелевка» низ дар шимоли Тоҷикистон воқеъ буда, молики бештари саҳмияҳои  он ширкати канадагии “Gulf International Minerals” мебошад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар сурати сармоягузории кофӣ барои коркарди конҳо Тоҷикистон метавонист ҳамасола аз 10 то 20 тонна тилло истеҳсол намояд.

Тавре аз гузориши Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council) бармеояд, Тоҷикистон аз рӯи фурӯши тилло дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 18, 2022 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид