Тоҷикистон ва Қазоқистон рушди ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисод ва логистика баррасӣ намуданд

Апрель 13, 2022 08:18

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо муовини Вазири савдо ва ҳамгироии кишвари иқомат Кайрат Торебаев баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат ва логистика баррасӣ намуданд.

Инчунин ҷонибҳо мавзӯи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки иқтидори ҳамкории иқтисодии тарафайн бузург мебошад. Ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ мунтазам баргузор мешаванд. Ҷаласаи охирини он 16-17 марти соли 2021 дар Тоҷикистон доир гардид.

Дар доираи ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ ҷаласаи 3 -юми гурӯҳи корӣ барои афзоиши тиҷорати дуҷониба ва номгӯи молҳои содиротӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он чораҳои зарурӣ ба афзун гардонидани тиҷорат ва рафти иҷрои Харитаи роҳ оид ба афзоиши тиҷорат миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2018-2022 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин дар доираи ин ҷаласа форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.

АКС: ВКХ Тоҷикистон

Апрель 13, 2022 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид
Низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон пурра ба татбиқ расид
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд