Тоҷикистонро дар Ҷоми Осиё оид ба гӯштини дзюдо 28 варзишгар намояндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Ҷоми Осиё оид ба намуди гӯштини дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон (Tashkent Asian Cadet Cup & Tashkent Asian Junior Cup 2022) оғоз ёфт, ки то 8 апрел идома меёбад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Мусобиқаи мазкур миёни наврасон 5-6 апрел, миёни ҷавон — 7-8 апрел баргузор мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 28 варзишгар муаррифӣ мекунанд.
Дар Ҷоми Осиё оид ба намуди гӯштини дзюдо миёни наврасон 312 варзишгар (233 мард ва 79 зан) аз 4 кишвари қора, миёни ҷавонон 187 варзишгар (128 мард ва 59 зан) аз 4 кишвари қора ширкат меварзанд.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






