«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Имсол қариб 8 км ҳудуди соҳилҳои дарё ва каналҳои Душанбе поккорӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе 11 маротиба ташаббуси экологии «Тозагии соҳил» роҳандозӣ гардид ва ҳудуди соҳили дарё ва каналҳо дар масофаи 7,725 км поккорӣ карда, дар ҳаҷми 222м3 партов ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Ҳадаф аз баргузории ташаббусҳо оид ба тозагии соҳил, пеш аз ҳама, тоза намудани соҳили дарёву каналҳо, ҷӯйборҳо ва новаҳои обгузар дар шаҳраку маҳаллаҳо буда, иштироки фаъолонаи аҳли ҷамоат далели таваҷҷуҳи бевоситаи онҳо ба масъалаҳои озодагии муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ мебошад.
Зимни баргузории ин ташаббус дар соҳили дарёву каналҳо ва рӯдхонаҳо бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо вобаста ба риояи муқаррароти Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва талаботи қонунгузориҳо дар самти нигоҳдории муҳити зист, махсусан поку тоза нигоҳ доштани соҳили дарёву манбаъҳои обӣ, муносибати оқилона ба сарватҳои табиӣ, аз ҷумла оби нӯшокӣ суҳбатҳо анҷом дода шуданд.
Ин гувоҳи он аст, ки сокинони пойтахт саъй менамоянд дар таъмини беҳдошти муҳити зист, хусусан соҳили дарёву каналҳо саҳм гузошта, бо ин амали худ пойтахти мамлакат- шаҳри Душанберо ба яке аз шаҳрҳои зеботарину поктарини дунё табдил диҳанд.
АКС: манбаъҳои боз








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






