Вазъ ва дурнамои таъмини китобхонаҳои Тоҷикистон бо мутахассисони касбӣ баррасӣ гардид

Апрель 6, 2022 09:32

ДУШАНБЕ, 06.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Барои бартараф намудани мушкилоти кадрии соҳа зарурати ҷорӣ намудани ихтисоси нави «Китобдори китобхонаҳои мактабӣ ва бачагона» ба миён омадааст. Ин матлаб зимни баргузории машварати  ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ, ки  дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таҳти унвони «Таъмини китобхонаҳои Тоҷикистон бо мутахассисони касбӣ: вазъият ва дурнамо» доир гардид, баён карда шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ДДФСТ .

Дар машварат роҳбарони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, директорони китобхонаҳои донишгоҳҳои мамлакат ва мутахассисони соҳа ширкат варзида, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, истифодаи самараноки воситаҳои техникӣ дар китобхонаҳо пешниҳодҳои муфид намуданд.

Муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Алишер Аминӣ иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои заминаи моддиву техникӣ ва ҳуқуқии рушди соҳаи китобдорӣ имконоти васеъ фароҳам овардааст.

Имрӯз сиёсати кадрии соҳаи китобдорӣ тақозо мекунад, ки мутахассисон вобаста ба талаботи замон омода карда шаванд. Гарчанде ки имрӯз дар ҷумҳурӣ норасоии кадрҳои соҳаи китобдорӣ ба назар расида, то андозае ҳалли худро низ ёфта истодааст, вале дар баробари ин масъалаи бе таҳсили касбӣ фаъолият намудани аксар кормандони китобхонаҳо ҳанӯз ҳам ташвишовар аст.

Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобег Маҳмудов иброз дошт, ки барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии кормандони китобхонаҳо ташкили раванди бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии касбӣ  тадбири саривақтӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҷараёни ҳамоиш декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф изҳор дошт, ки бо назардошти воридшавии технологияи муосир дар фаъолияти китобхонаҳо, тағйирёбии ҳайати хонандагони китобхонаҳо ва талаботи рӯзафзуни онҳо нисбат ба иттилоот, афзудани шумораи хонандагони хурдсол ва дар маҷмӯъ, дигаргуншавии эҳтиёҷоти ҷомеа ба захираҳои иттилоотӣ, инчунин роҳҳои дастёбӣ ба онҳо зарурати таҷдиди назар намудани ихтисосҳоро дар факулта ба миён овардааст. Вобаста ба ин, бо пешниҳоди кафедраҳои тахассусӣ ихтисосҳои нави «Кори ноширӣ» ва «Бойгониҳои аудиовизуалӣ» ҷорӣ шуда, имсол аз рӯи ин ихтисосҳо довталабон ба донишкада қабул карда шуданд.

АКС:  ДДФСТ

Апрель 6, 2022 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»