35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор беш аз 1500 иншооти ҷашнӣ бунёд мегарданд

Май 5, 2022 16:38

ДУШАНБЕ, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор беш аз 1500 иншооти дорои таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад. Ин нукта дар ҷаласаи корӣ, ки имрӯз таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо иштироки мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисон ва котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар сохторҳо, ки ба ҳайати зергурӯҳҳои корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, доир гардид, баён шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа масъалаи нақшаи чорабиниҳои омоданамудаи зергурӯҳҳои корӣ оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси шаҳри Ҳисор «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиҷлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.

Раиси шаҳр нақшаи омоданамудаи зергурӯҳҳои кориро дар ҷамоатҳо, ки 124 адад иншоот дар самти сохтмон, 29 адад саноат, 36 адад кишоварзӣ, 47 адад маориф, 43 адад тандурустӣ ва боқимонда иншооти фарҳангиву варзишӣ, сайёҳию хизматрасонӣ ва савдоро дар бар гирифта, дар маҷмӯъ 1545 ададро ташкил додааст, тариқи монитор муаррифӣ намуд.

Ба масъулини зергурӯҳҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бори дигар таъкид гардид, ки зимни банақшагирии иншоот ба мушкилоти иҷтимоии маҳалла ва деҳот эътибори ҷиддӣ дода, аз бунёди иншооте, ки ниёз ба он нест худдорӣ намоянд. Дар ин маврид пешниҳоди Ҳукумати мамлакатро бахшида ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бунёди 17 номгӯи корхонаҳои алоҳидаи саноатиро дар шаҳру ноҳияҳо тавсия дода, ҳатмӣ шуморидааст, ба инобат гиранд.

Иштирокддорони ҷаласа бо хулосаи Комиссияи давлатӣ оид ба ҷудо намудани қиттъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ки ҳуҷҷатгузории аксарияти онро ба интихоби қитъаи замин мутобиқ ҳисобидааст, шинос гардиданд.

Ҳамзамон раиси шаҳр аъзои комиссияи давлатиро барои ҳуҷҷатгузории бемамонияти иншооти ҷашнӣ тариқи равзанаи ягона супориш дода, роҳбарони зергурӯҳҳои корӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак, роҳбарони муассисаю воҳидҳои сохторӣ, ва дигар шахсони масъулро ҷиҳати омода намудани лоиҳаи ниҳоии нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ то санаи 20 май вазифадор намуд.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ, ба ҷаласаи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ки моҳи июн доир мешавад, пешниҳод карда мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Май 5, 2022 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад