ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК МЕДАЛИ ТИЛЛО ГИРИФТ! Самбочии ҷавони мо ғолиби мусобиқаи бонуфуз дар ИМА гардид

Май 4, 2022 10:59

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Разавӣ Навбаҳоров дар Ҷоми кушоди ИМА USA Sambo National Championship оид ба самбои размӣ ба медали тилло шарафёб гардид. Вай дар вазни 79 килограмм ҳунарнамои кард. Дар ин мусобиқот рақибони ӯ пурзӯртарини самбочиён аз тамоми ҷаҳон буданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Федератсияи самбои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Акнун Навбаҳоров омодагиро ба мусобиқоти муҳими соли 2022 оғоз мекунад. Ҳамин тавр, ӯ бояд моҳи август дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Бишкек ва ҳамчунин дар Чемпионати самбои Осиё, ки аввали моҳи июн дар Лубнон баргузор мешавад, иштирок кунад.

Қобили зикр аст, ки варзишгар аз соли 2021 ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст. Пас аз машқҳои  пайдарпай ӯ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ  чандин маротиба ғолибият ба даст овард.

Тилло дар USA Sambo National Championship аввалин медали имсолаи Навбаҳоров нест.

Моҳи феврал ӯ дар Ҷоми Аврупо оид ба самбо дар Минск ширкат карда, медали биринҷӣ гирифт. Дар ин мусобиқот 150 варзишгар аз Арманистон, Беларус, Булғористон, Гурҷистон, Исроил, Қазоқистон, Молдова, Русия, Туркманистон ва Юнон барои медалҳо мубориза бурданд.

Ҷоми Аврупо нахустин мусобиқаи байналмилалӣ барои варзишгари тоҷик дар мавсими соли 2022 гардид.

Навбаҳоров ҳоло дар Арлингтон (Техас, ИМА) зиндагӣ ва машқ мекунад.  Пештар самбочӣ дар Норак зиндагию таҳсил мекард ва дар он ҷо ба варзиш машғул буд. Аз синфи 7-ум дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии тренер Абдураҳмон Абдуллоев тамрин мекард.

Варзишгари тоҷик чанд соли охир дар чанд мусобиқаи байналмилалии самбо ва ҳунарҳои размӣ ширкат карда, дар мусобиқоти наврасону ҷавонон ва калонсолон пирӯз шудааст. Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Олмон соҳиби медали тилло, дар Чемпионати Осиё оид ба самбо дар Муғулистон соҳиби медали нуқра гардид.

«Бале, шояд ба назари бисёриҳо ман як муборизи ҷавону камтаҷрибаам, аммо ман муддати тӯлонист, ки ба варзиш машғулам. Ман аз синфи якум ба ин кор машғулам, ҳамеша кӯшиш мекардам, ки маҳоратамро инкишоф ва такмил диҳам. Дар ин кор пайвандонам  саҳми калон доранд, маро ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам молиявӣ дастгирӣ мекунанд», — гуфт варзишгар.

АКС аз манъбаҳои боз

Май 4, 2022 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад